Меваи Ваҳдат сулҳу озодӣ ва истиқлолу ободӣ аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 190
ШАРҲИ ҲОЛ
ЭШБӮРӢ ЭСАНҚУЛОВ:
10 октябри соли 1951 дар ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) ба дунё омадааст. Соли 1968 мактаби миёнаи №16-и ноҳияро хатм намуда, ба факултети иқтисодии ДМТ дохил шуда, онро соли 1972 хатм кард. Солҳои 1972-1974 дар сафи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақаи назди Байкал хизмати ҳарбиро ба ҷо овард. Аз соли 1974 инструктори Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия, 1980-1986 котиби озоди ҳизби коммунист дар хоҷагии “Қизил Октябр”, 1986-1999 ба ҳайси раис дар ҳамин хоҷагӣ фаъолият намуд. (соли 1990 хоҷагӣ номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Тӯрахон Эсанқуловро гирифт), 1999-2007 раиси ноҳияи Шаҳритус, 2007-2009 раиси ноҳияи Ҷиликӯл, 2009-2010 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон шуд. Аз соли 2010 то соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ буд.
РУҶУИ ВАКИЛИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭШБӮРӢ ЭСАНҚУЛОВ:
-Имрӯз дар Ватани азизи мо-Тоҷикистони биҳиштосо сулҳ асту оромӣ. Сулҳ ба кишвари мо истиқлолу ободӣ ва зиндагии тинҷу серу пурро дод. Ҳамаи ин неъматҳо аз ваҳдат асту он ба туфайли кӯшишҳои пайвастаи Сарвари оқилу доно, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст.
Ҳамасола Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифта, шукри сулҳу дӯстӣ, ободии диёру кишварро мекунам ва беихтиёр он рӯзҳои сахту сиёҳи ба сари тоҷикистониён омадаро пеши рӯ меорам.
«АЗ ҶАҲОЛАТ МОҲТОБ ПАСИ АБРҲО ПАНАҲ МЕБУРД...»
...Он рӯзҳои наҳси ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардуми шарифи кишвар бадбахтиҳои зиёд овард. Осмони софу беғубори мо якбора тира гашт. Яъне аз ҷаҳолат офтоби сӯзон дар гармии худ месӯхту моҳи тобон дар паси абрҳо паноҳ мебурд. Ҷанги таҳмилӣ торафт доман паҳн мекард. Силоҳбадастон дар шоҳроҳ бо нақлиёти сабукраву боркаш сайругашт намуда, ҷониби деҳаҳои ду тарафи роҳ бетартибона тир холӣ мекарданд.
Чанд хоҷагии колхози мо барои ҷон ба саломат бурдан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч бастанд. Дигарон низ молу ҳолу дороии худро партофта, тарки манзили бо заҳмати бисёрсола бунёдкардаашон мекарданд. Ин ҳолат барояшон осон набуд, албатта. Вале чораи дигаре ҳам надоштанд. Махсусан, чӯпонҳои мутасаддии хоҷагии мо рамаро партофта рафтанд. Барои талаф наёфтани чорво ва ё ба дасти силоҳбадастон наафтидани он ба ҳар хоҷагӣ 5-6 гову боз гӯсфандонро бепул тақсим карданӣ шудем. Онҳо ин таклифро қабул накарданд. Зеро мардум дар ғами ҷони худ буду чорво он тараф истад, ҳатто болини зери сар чизи зиёдатӣ менамуд.
Аз Худованд зорию тавалло доштам, ки имконияте пайдо шавад, то ақаллан як писарамро барои идомаи насли Эсанқуловҳо оиладор кунам. Худованд меҳрубон аст, маро ба ниятам расонд. Ҳама фарзандонам хонаву дари обод, соҳиби зану фарзандони ширинанд. Шукр, бобо ҳам шудам.
Дар ҳамон рӯзҳо хоҷагӣ холӣ шуда монд. Сокинон ба ҷойи амн рафтанд. Дар он шабу рӯз барои онҳо аввал саломатӣ, сипас сулҳу ваҳдат лозим буд. Ман танҳо мондам. Дар дохили анбори хоҷагӣ ва пахтазор панаҳ мебурдам...
ЧАРО ИҶЛОСИЯ ДАР ДУШАНБЕ ДОИР НАШУД?
Барои гузаронидани Иҷлосияи навбатии Шурои Олӣ барои таъсиси давлат нахуст шаҳри Душанбе интихоб шуд. Барои ин мухолифин монеъ мешуданд. Дастаҳои мусаллаҳи онҳо даст ба куштору ғорат ва одамрабоӣ зада, мардумро тарсу карданд.
Сипас, вакилон ба хулосае омаданд, ки барои гузаронидани Иҷлосия ҷойи амн лозим аст. Чунин ҷой Хуҷанди бостонӣ буд ва Қасри Арбоб шароити хуби корӣ дошт.
Ба иҷлосия рафтани вакилон низ чандон осон набуд. Масалан, ман дар ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) ҷой гирифта будаму ҳамсояноҳияҳоямон Ҷиликӯл (Дӯстӣ), Қумсангир (Ҷайҳун) Панҷу як қисмати ноҳияи Бохтар (Кӯшониён) дар ихтиёри мухолифин қарор дошт. Дар роҳҳо бошад, постҳо (дидбонгоҳҳо)-и ғайриқонунӣ гузошта шудаю имконияти аз онҳо гузаштан надоштем. Ҳамроҳи Файзалӣ Гурезов (руҳаш шод бод) ба тан либосу ҷомаи куҳна пӯшида, ба гурезагон ҳамроҳ шуда, пас аз ду рӯз ба Кӯлоб расидем. Аз ин ҷо бо ҳавопаймо ба Хуҷанд рафтан осонтар буд. Дар Кӯлоб дар меҳмонхона ҷой гирифтем. Ташнаю гурусна будем, ёрои нонпурсӣ намекардем. Зеро мардум худ дар муҳосираи гуруснагӣ қарор дошт. Бонуи навбатдор як пора нон оварда пешамон гузошт. Он сиёҳу аз санг сахттар буд. Нон аз ҷуворимакка, кунҷора ва тухми ҷорӯб пухта шуда буд.
«РӮЗИ ДИГАР БО АЗОБИ ЗИЁД БА ХУҶАНД РАСИДЕМ...».
Иҷлосия бо тарафдории аксарияти вакилон баргузор гардид. Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб барои хатми ҷанги бемаънӣ заминаи устувор гузошт. Ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷоти миллат буд. Дар байни вакилон норозиён низ буданд. Онҳо даъво мекарданд, ки Роҳбари давлат ҷавону камтаҷриба ва ҳамчун чеҳраи сиёсӣ ошно нест. Оё ӯ аз уҳдаи хатми ҷангу сулҳу оштӣ мебарояд? Онҳо баҳонаи зиёд пеш меоварданд. Гӯё Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар иҷлосияҳо фаъол набудаасту ҳоло ба иҷрои ин вазифа пухта нарасидааст. Дар асл ин тавр набуд. Ман худ шоҳидам, ки вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1990 то Иҷлосияи таърихӣ дар ҳар як ҷаласа фаъол буд, дар баррасии масъалаҳои муҳими барномавӣ баромад карда, дархосту андешаҳояшро хирадмандона пешниҳод менамуд. Ҳар як суханаш барои беҳбудии кишвар, сулҳу амонӣ ва зиндагии осоиштаи ҳамватанон нигаронида шуда буд.
САВГАНДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОВАРИИ КУЛЛИ ВАКИЛОНРО БА МИЁН ОВАРД
Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шуданаш бори нахуст ба минбар баромада, бе тайёрии пешакӣ, бе коғаз баромад намуд. Вазъи рӯзро хуб медонист, онро таҳлилу баррасӣ кард. Сухани аввалинашон “То як гуреза берун аз Ватан аст, ман хотирҷамъ намешавам. Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!” буд. Савганди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боварии кулли вакилонро ба миён овард. Ва онҳо мегуфтанд, ки ӯ роҳбари мардумӣ аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои беамнӣ қарор дод, ки ба Бадахшон, ки он дар дасти яроқбадастон қарор дошту зинда монданро касе кафолат дода наметавонист, рафта, бадахшониҳои аз пойтахт, ноҳияҳои Ҷиликӯлу Қумсангир гурезашударо ба ҷойи зисташон баргардонад. Аввал барои фаҳмидани вазъи минтақа гурӯҳи корӣ, ки банда низ ба он шомил будам, ба Бадахшони Кӯҳӣ омадем. Бо гурезагон, махсусан занҳо (мардон ҳамон рӯзҳо аз тарси ҷон хонашиниро ихтиёр карда буданд) вохӯрию суҳбатҳо гузаронидем. Вале онҳо ба ин ҳама бовар накарданд.
Вақте ки Роҳбари тозаинтихоби ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути чархбол ба Бадахшон омад, ӯро бонувон истиқбол карданд. Дар толоре, ки вохӯрии Сарвари давлат бо гурезаҳо доир гардид, силоҳбадастон ворид шуданд, то кори сиёҳи худро ба сомон расонанд. Хушбахтона, занон баъди суҳбати рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон акнун ба сулҳу амонии кишвар боварӣ ҳосил намуда, меҳмони олиқадрро сипар шуда, нагузоштанд, ки мухолифини яроқбадаст мақсади хешро амалӣ созанд.
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚОСИД ВА ҲОМИИ СУЛҲ АСТ!»
Бо даъватҳои Роҳбари давлат гурезаҳо ба манзили хеш баргаштанд. Барои баргардонидани онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуд.
Шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳукми тақдир ба Афғонистони ҳамсоя гуреза шуданд. Онҳоро тарки хонаву дари обод, ҷудоӣ аз дӯстони дерин осон набуд. Дар ғарибӣ, аз неъмату муқаддасоти худ-Ватан дур буданд. Ёди меҳани азиз, обу хоки он, дидори ҳамватанон онҳоро месӯзонду ҷигарбирёну дидагирён менамуд. Дар мусофиратӣ ёди Ватан мекарданд ва орзуи зудтар ба биҳишти худ-зодгоҳи азиз баргаштанро менамуданд.
Бале, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ қосиду ҳомии сулҳ меноманд. Ташаббуси Сарвари сулҳпарвару сулҳовари тоҷикон дар бораи ваҳдати саросарии ҷумҳуриамон як воқеаи таърихист. Мардуми дар ҳамон рӯзҳо парешонгаштаро боз сарҷамъ намуд ва онҳо зиндагии навинро оғоз карданд. Бо дасту дили гарм, бо ғайрату неруи тоза ба ободонии диёр камар бастанд.
Танҳо тавассути меҳнати ҳалол, бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ва худогоҳӣ якдилу муттаҳид шуда, ному шуҳрати тоҷиконро баланд бардоштанд. Оре, танҳо якдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва меҳнати ҳалол моро ба қуллаи мурод мерасонад.
...Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Ваҳдат тантана дорад. Дар ин рӯз аз хонадони ҳар як бошандаи хоҷагии мо шодию суруд баланд садо медиҳад. Дар хоҷагии мо сокинон боз ба мисли пешин, дар як оилаи калон, ки онро Тоҷикистон ном аст, кору дӯстона зиндагӣ карда меоянд.
Дар ин рӯзи таърихию барои ҳар яки мо азизу муқаддас халқи азизу сулҳдӯстамонро бо Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, орзуи онро мекунам, ки дар сарзаминамон доимо Ваҳдату Сулҳ танинандозу мардуми сарбаландаш бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шод бошанд...
Таснифи
Саттор ҚАРАХОНОВ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00