Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Дар китоби фарҳанги забони тоҷикӣ калимаи Ваҳдат ҳамчун вожаи арабӣ чунин тафсир шудааст: – Ваҳдат ягонагӣ, танҳоӣ, яке будан. Аз шарҳу тафсири калима бармеояд, ки гузаштагони мо ба ягонагию якмаромию якандешагию яке будан ниёз дошта, онро миёни мардум пайваста тарғибу ташвиқ кардаанд.
Шоири хушбаёни мо Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар як достони худ дар бораи зарари ҷудоию парокандагӣ ва аҳамияту зарурати ваҳдат дар зиндагии инсон чунин маъниро овардааст: “Ба боғе се мард – Фотеҳ, Саид ва Сӯфӣ худро дузд вонамуд сохта, ворид мешаванд.
Боғбон онҳоро дида, ба андеша меафтад, ки дар танҳоӣ бо онҳо муқобилият нишон дода наметавонад. Бояд онҳоро аз ҳам ҷудо намуда, дар танҳоӣ мубориза барад.
Бо ин мақсад боғбон ба назди се мард рафта, бо нармӣ ба Сӯфӣ мегӯяд, ки рафта аз поёни боғ гилем биёрад. Вақте ки Сӯфӣ меравад, боғбон ба Фақеҳ ва Саид рӯ оварда: “Ту Фақеҳ ҳастӣ ва ин Саид, аз табақаи баландмартабаю қадрдони мо мебошед. Аммо ин Сӯфии шикампараст барои чӣ бо шумо ҳамроҳӣ мекунад?”, - мегӯяду назди Сӯфӣ меравад. Ӯро дар поёни боғ хуб латукӯб мекунад. Сӯфӣ аз назди ҳамроҳонаш гузашта, таъкид менамояд: «Он чи ба сари ман омад, ба сари шумо меояд».
Баъди ҷазо додани Сӯфӣ боғбон ба пеши Саид рафта мегӯяд, ки аз утоқи ӯ барояшон хӯрданӣ ҳозир кунад. Саид барои овардани ғизо рӯ ҷониби утоқ мешавад. Боғбон ба Фақеҳ бо ишора мегӯяд, ки ин мард худро аз авлоди паёмбар метарошад. Оё онро ба мо фаҳмонида метавониста бошад? Бо чунин суханҳо меҳри Фақеҳро аз Саид дур месозад ва бо чӯб ӯро низ ҷазои сазовор медиҳад. Саид аз зарбаи боғбон нимҷон гашта, ба Фақеҳ нигоҳкунон “Устувор бош, танҳо мондӣ”,- гӯён гузашта меравад. Боғбон баъди ҷазо додани Сӯфӣ ва Саид Фақеҳи танҳо мондаро бо дашному ҳақорат ва латукӯб аз боғ берун месозад.
Мавлоно таъкид менамояд, ки агар он се мард ваҳдат медоштанд, боғбон ҳеҷ гоҳ ба онҳо пирӯз шуда наметавонист. Яъне Ваҳдат ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ба мардум ягонагию муттаҳидӣ, озодию ободӣ, хушбахтию хушрӯзӣ ва саодати некро ато намуда, душманро ба мағлубият бурда мерасонад.
Дар охири қарни гузашта бадбинони миллат ба сари мардуми тоҷик парокандагиеро оварданд. Дар натиҷаи пош хӯрдани собиқ давлати абарқудрати Шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоси ба вуҷуд омадани ғояи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввалини интихоби Роҳбари давлат сарчашма мегирад. Ғояи Ваҳдати миллӣ ҳам бо шаклу рисолат ва моҳияташ нодиртарин рӯйдоди таърихи навини Тоҷикистон истиқлоли комил ба даст овард. Баробари ба ин пирӯзӣ соҳиб гаштан душманони миллат ҳамчун каждуми таги бӯрё аз ҳар куҷо сар бароварда, бо тарғибу ташвиқи бардурӯғ миёни мардуми тоҷик шӯру ғавғо ва кинаву адоват андохтанд. Дар чунин рӯзҳои сахту бесарусомонӣ бо дастгирии намояндагони Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардид ва сохтору барқарорсозии Ҳукумат ва кафолати сарҷамъ кардани халқи парешонгаштаро ба уҳда гирифт. Дар он шабу рӯз роҳи ба қафо гаштан набуд. Сарвари давлат бо ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва бо самимияту меҳру муҳаббати беандоза, бо лаҳни ширини тоҷикӣ ба мардум муроҷиат намуда гуфт: “Ман ба шумо сулҳ меорам”…
Воқеан ҳам, мардуми парешонгаштаро танҳо сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ метавонист сарҷамъу муттаҳид сохта, аз оташи кинаву адоват наҷот бахшад. Сулҳу Ваҳдат ва Истиқлол мафҳумҳои муродифи ҳамдигар буда, чун офтоб ба миллати тоҷик рӯшноӣ, гармию сафо оварда, ба онҳо хушбахтӣ ва умри дубора ато намуд. Бо талош ва кӯшишҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
Дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати тоҷик ин хушхабарро бо хушнудӣ истиқбол гирифта, онро бахти худодод ва беҳтарин дастоварди замони Истиқлол барои миллати тоҷик хонданд.
Сарвари давлат барои мустаҳкам сохтани пояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёту иқтисодиёти мардум дар тамоми соҳаҳо як қатор иқдому корҳоро ба анҷом расонид. Дар шаҳру ноҳияҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мактабҳои замонавӣ, литсей ва гимназияҳо, барои хонандагони болаёқат мактабҳои президентиро сохта ба истифода доданд.
Барои донишазбаркунию аз худ намудани барномаҳои таълимӣ омӯзгорон ба тариқи санҷиш ва озмун ба кор даъват шуданд. Омӯзгорон талош доранд, ки шогирдонашон барномаҳои таълимиро пурра аз бар намоянд ва дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шаванд. Махсусан, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» шавқу рағбати шогирдон торафт афзуда истодааст. Қариб ҳар рӯз дар муассисаҳои таълимӣ, донишкадаю донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои касбӣ як навоварӣ ё ихтироот аз рӯи фанҳои дақиқ, риёзӣ ба чашм мерасад, ё ин ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тӯли панҷ соли баргузорӣ самари хеле хуб ба бор оварда, чандин навқаламони ҷавони болаёқат ва боистеъдодро дар эҷоди назму наср ва ҳунармандӣ ба камол расонд, онҳо миёни мардум эътибору сарфарозиҳои баландро ҳам пайдо кардаанд. Ҳамаи ин пешравию музаффариятҳо самараи Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва якдилию муттаҳидии миллати бофарҳанги тоҷик мебошад, ки он маҳз бо ташаббус ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо-тоҷику тоҷикистониён гаштааст.
Дар хотир дошта бошем, ки имрӯз давлатҳои ҷаҳон, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари халқдӯсту халқпарвар, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, сулҳдӯсту сулҳпарвар, ваҳдатофар, ваҳдатовар, ваҳдатсаро, Тоҷикистонро ҳамчун давлати орому осоишта шинохтаанд ва эътироф кардаанд. Мо - миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихор мегӯем:
Тоҷикистон маркази сулҳу амонии ҷаҳон,
Пешвои миллати мо, Пешвои Ваҳдат аст.
Намоз СОЛИЕВ,
омӯзгор аз шаҳри Левакант
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.