Ваҳдат дар афкори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 228
Дар Тоҷикистон фазои тантанаи ваҳдату ҳамдилӣ ва шукргузорӣ аз даврони Истиқлоли миллӣ ҳукмфармост. Он бо ивази кадом қурбониву қахрамониҳо ба даст омадани имрӯзи хушбахтии мардуми тоҷикро ҳар яки мо хуб медонем.
Сулҳи тоҷикон бо иродати нек ва ҳувияти миллӣ, нияти бунёдкориву созандагӣ доштани халқ имконпазир гаштааст, ки сарварии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доштанд.
Дар яке аз мусоҳибаҳои аввалини хеш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 19 декабри соли 1992 иттифоқ будани халқро асоси давлат шуморида, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олиро «қадами нахустин баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ» номидаанд. Сарвари навинтихобшудаи давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба cаволи журналист, ки “Чӣ гуна Иҷлосия ба ваҳдату якдилии депутатҳои гуногунақида ноил шуд?” чунин посух дода буданд: “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, бешак, Иҷлосияи таърихӣ буд. Дар он қисмати миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал мешуд. Аксарияти депутатҳо ин нуктаро хуб дарк намуда, баҳри ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ва пеши роҳи хунрезиро гирифтан кӯшиши зиёд ба харҷ доданд”.
Баъди гузашти солҳо ба кори иҷлосияи сарнавиштсози тоҷикон баҳои баланд дода, он иқдоми Ҳукумати навтаъсиси тоҷикро саривақтӣ ва дуруст ҳисобидааст: «Даъвати нахустини мо ба хотири таъмини сулҳ ва оғози музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи дар Қасри Арбоб садо дода буд, ки ҷангу зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳонаро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа усулан маҳкум намуда, ба тарафҳои мухталиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод карда будем».
Ин Иҷлосияи таърихӣ ва барои миллати мо сарнавиштсоз, ки мебоист саҳифаи тозатарини китоби сулҳу ваҳдати миллат ва рушди кишвари моро дар таърих сабт менамуд, аз ҷоннисориҳои абармардоне мебошад, ки бо роҳи сулҳу оштӣ пешрафт ва самти ҳаракати ҷомеаи моро дар чаҳорсӯи мавҷудият ва инки-
шоф муайян сохтанд.
Иҷлосия «Ваҳдати миллии моро ба вуҷуд овард, халқу мамлакатамонро аз маҳву нобудӣ наҷот дод, элитаи сиёсии мамлакат дар атрофу ҷониби Раиси Шурои Олӣ ва баъдтар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гирд оварда шуд, барномаи ояндаи давлати демокративу дунявӣ пешниҳод гардид, институтҳои кудратӣ ба вуҷуд омада, густариш ёфтанд, мамлакат ба марҳилаи дувуми созандагиву бунёдкорӣ ворид гардид, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ аҳлона рӯ ба инкишоф ниҳод”- навиштааст Қурбон Восеъ.
Муҳаққиқ сулҳи тоҷикон ва мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро «намунаи беҳтарини сулҳофаринӣ барои тамоми манотиқи даргири дунё ба ҳукми дастури сабақомӯз» меҳисобад. Ӯ дар китобаш «Аз Қасри Арбоб то Кохи Ваҳдат» доир ба 8 сабақи аз шарофати Иҷлосияи тақдирсоз ба вуҷуд омадаро дар ҳаёти ҷомеаи тоҷикон муҳим арзёбӣ намуда, мушаххас ҳар яки онро маънидод кардааст. Асоситарини онҳо, ба андешаи вай, он аст, ки “Ваҳдати миллии моро ба вуҷуд овард”.
Нигориши он воқеаҳо аз тарафи Иброҳим Усмонов, муҳаққиқи соҳаи журналистика, сиёсатмадор, ҳамчун шоҳиди ин ташаббусу масъулияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу ваҳдати халқ чунин аст:
«Ин воқеа як таърихи равшан, ибратомӯз, фаромӯшношудание мебошад. Ин таърихест, ки аз номи давлати тоҷик онро Эмомалӣ Шарифович асос гузошту бунёд кард, ҳанӯз аз ибтидои соли 1993 бо итобе, ки бояд халқи тоҷик бо ҳам, дар хонаи худ ва ободгари рӯзгораш бошад».
Дар китоби дигар публитсист доир ба сабақҳои сулҳи тоҷикон ибрози андеша намуда, навиштааст: «Шароити имрӯзаи Тоҷикистон, яъне сулҳу оштии комил, ки натиҷаи талошҳои хеле ҷиддӣ ва ҳаматарафаи Президент Эмомалӣ Раҳмон аст, имконият медиҳад ба гузашта баҳо диҳем, роҳҳо ва сабақҳои сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи раванди сиёсӣ нишон диҳем, омӯзем ва ба таҷриба гирем».
Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як давраи ҳалкунандаи тақдири халқу давлат боҷуръатона ба майдони сиёсат қадам ниҳод. Муроҷиати Роҳбари давлат дар он айёми бесарусомон, ки халқ ба сангарҳои алоҳида тақсим шудаву аз паси кӣ рафтанашро намедонист, ҳоло ба кӣ будани дӯсту душман сарфаҳм намерафт, хеле муҳим буд. Муҳим буд, ки Эмомалӣ Раҳмон чӣ мегӯяд, чунки аз гуфтаи ӯ тақдири ҳазорҳо тоҷикистониён вобастагӣ дошт. Рисолати публитсистика, ки манфиати ҷомеаро ифода менамояд ва оммаро ба амале водор месозад, маҳз дар баромадҳои аввалини Эмомалӣ Раҳмон бештар ҳис мешавад. Дар китобҳои ӯ муроҷиату суханрониҳои Роҳбари давлат дар он давраи ҳассосу сарнавиштсози миллати тоҷик гирд оварда шудаанд.
Сухани Президент дар Иҷлосияи Хуҷанд самимӣ ва ба одамон боварӣ мебахшид. Савганди вай дар Сессияи 16-уми тақдирсоз аз кори сулҳ оғоз ёфт.
Пешвои миллат мардуми Тоҷикистонро даъват мекунанд, ки ҳифзи Истиқлолу озодӣ “...аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад”.
Яке аз ҳамсафони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арбоби сиёсиву давлатӣ Абдулмаҷид Достиев, ки иштирокчии бевоситаи ин Иҷлосияи таърихӣ буд, дар китоби худ «Тоҷикистон: Шикастанҳо ва бастанҳо» доир ба нақши Иҷлосияи мазкур дар ҳаёти халқи тоҷик андешаҳои ҷолиб дорад.
«Қасри Арбоб дар таърихи мо-тоҷикон рамзи ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани муқаддастарини муқаддасотамон-Истиқлоли комили миллиамон мемонад ва ба гузашти вақт ба зиёратгоҳи соҳибмиллатони соҳибдавлат табдил меёбад», - навиштааст ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронию муроҷиати худ имрӯз ҳам ба ин санаи тақдирсоз баҳои баланд дода таъкид менамояд: «Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем, зеро аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа, пеш аз ҳама, тавонистем истиқлолият ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем».
Аз нуқтаи назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мафҳумҳои Истиқлол, Ваҳдат ва Сулҳ тавъаманд: «Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошад, ки ҳамдигарро неруи тоза ва тақвият мебахшанд».
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дарки моҳияти Истиқлол ва қадру манзалати давлатдории миллӣ, ки омилҳои муҳими ҳастии миллат мебошад, барои ҳар фарди огоҳу бедордили кишвар рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи муқаддаси фарзандӣ» мешуморанд, то ки роҳи душвору ноҳамвори ба Истиқлол ноил шуданро ворисон донанд ва ба қадри озодию осоиштагии кишвар бирасанд.
Имрӯз ҳам тавассути андешаҳои сиёсиашон Пешвои миллат на танҳо муқовимат ва сулҳи тоҷиконро ба хотир меоранд,балки воқеаҳои он солҳои ҳаёти ҷумҳуриро таҳлил ва ҳушдор медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баргузории Иҷлосияи таърихӣ таваҷҷуҳи хоса карда, таъкид менамоянд, ки “...дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд”.
Олимони ҷомеашинос оид ба омилҳои ваҳдати миллӣ чунин ақида доранд, ки “...ваҳдат дар ҷомеа, пеш аз ҳама, барпо кардани сулҳ мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон мактаби сиёсии сулҳофарии худро тавассути роҳбарӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои татбиқи ҳадафҳои рушди ҷомеа малӣ менамоянд. Нақши ин ҳизб дар ваҳдати мардуми кишвар бориз арзёбӣ мешавад. Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 9-уми ҳизб иброз намудаанд: “Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт”.
Дарвоқеъ, марҳилаи нави эҳёи миллати тоҷик, пешравии имрӯзаи ҷомеаи тоҷикон аз Иҷлосияи тақдирсоз ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад. Ғояи сулҳу ваҳдати миллӣ, ба ободиву бунёдкории кишвар тарғиб кардан чун раҳнамое аз тасмими Пешвои миллат ва фарзандони барӯманди халқамон, ки ояндаи неки Ватанамонро дурандешона дар ин Иҷлосия ба миён гузоштанд, вобастагии калон дорад. Ҳифзи ин заҳматро баҳри миллату Ватан арҷ гузоштан ва содиқона идома додан масъулияти насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистон аст.
Ояндаи кишвари мо аз пояндагии Ваҳдат вобаста аст, чунки созандагиву бунёдкорӣ муҳити амну иттиҳоди мардумро мехоҳад. Ваҳдати миллӣ барои расидан ба ҳадафҳои ояндасоз кафолат дода метавонад.
Дилором МАҲКАМЗОДА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...