Хатлон - дорои мавзеъҳои бойи сайёҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 209
(Идома аз шумораи №36)
Ноҳияи Вахш
Дар ноҳияи Вахш ҷолибтарин мавзеъи сайёҳӣ ин ёдгории Аҷинатеппа мебошад. Аҷинатеппа — боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ ба ҳисоб меравад.
Ёдгории таърихии Аҷинатеппа ба асрҳои XII-XIII мелодӣ мансуб мебошад.
Дайри Аҷинатеппа шакли росткунҷа дорад: 100 х 50 м. Он дар ду қисм иборат буда, дар маркази ҳар яке ҳавлии мураббаъи он бо иморатҳо иҳоташуда вуҷуд дошт. Ҳадди аксари андозаи таҳкурсӣ 28 м ва баландии он 6 м мебошад. Девораҳо нақшунигор шуда буданд. Дар болои суфаҳои назди деворҳо ва тоқҳо муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвон хобида буд.
Ҳуҷраи росткунҷаи дохилӣ бо акшҳо ва чоркунҷааш бо гунбазҳо тоҷгузорӣ шудааст. Муҷассамаҳои Буддо дар давра ва марҳилаҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Буддоро нишон медоданд. Дар охири қисми шарқии долони маъбад, муҷассамаи азимҷуссаи хобидаи Буддо дар Нирвана пайдо гардид.
Дарозии ҳайкал 12 метрро ташкил дода, ҳама қисмҳои муҷассама аз гил ва ашёи либос сохта шудаанд. Ковишҳои муҷассамаи АҷинаТеппа соли 1975 ба итмом расид. Ин як дайрхонаи муҳими буддоиён дар водии Вахш ҳисоб меёбад.
Ноҳияи Дӯстӣ
Дорои мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ буда, диққати ҳар як тамошобин ва сайёҳро ба худ ҷалб месозанд. Аз ҷумла мақбараи Имом Зайналобиддин, Бешаи палангон ва Осорхонаи зиндаи он, Мазори Ҳазрати Қаробурё, Осоишгоҳи навтаъсиси «Зам-зам», Дарёи Вахш, Пули умеду орзу ва якчанд ҷойҳои таърихиву диданӣ арзи вуҷуд дорад.
Яке аз онҳо ин Мақбараи Зайналобиддин буда, дар болои шаҳраки мансуб ба замони Сомониён сохта шудааст. Инчунин як зерсутунчаи сангини доирашакл, ки ҷузъи меҳроби оташ мебошад, ёфт шуд. Ин бозёфт шоҳиди он аст, ки дар ин ҷо ҳанӯз дар замони Кӯшониён ва юнонӣ – бохтарӣ шаҳрак ва маъбади зардуштӣ мавҷуд будааст.
Дигар ин Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар минтақаи биёбони байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон дар саргаҳи дарёи калонтарини Осиёи Миёна – дарёи Ому мавқеъ гирифтааст ва масоҳати имрӯзаи мамнуъгоҳ ба 49786 гектар баробар аст.
Ҳудуди мамнуъгоҳ асосан дар марзи заминҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон аст. Қишри мамнунгоҳ нисбатан ҳамвор буда, онро баландиҳои теппаҳои Қародум, Қашқақум, Буритоғ, водиҳои дарёи Вахш ва Панҷ ишғол намудаанд. Қисми соҳили чап, ки ба регзори Қашқакум ворид мегардад, то 530 м. баландӣ дорад. Нуқтаи баландтарини мамнуъгоҳро кӯҳҳои Хоҷақозиён ташкил медиҳанд, ки баландии он аз 1000 то 1200 м. мерасад. Масоҳати зиёда аз 4000 гектар мамнуъгоҳро обанборҳо ва кӯлҳо ташкил медиҳанд. Дар мамнуъгоҳ тақрибан 40 кӯл мавҷуд аст.
Мамнуъгоҳи давлатии “Бешаи Палангон” калонтарин мамнуъгоҳ дар ҷумҳурӣ буда, 4 ноябри соли 1938 ташкил ёфтааст.
Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” нахустин мамнуъгоҳи табиӣ- давлатии Тоҷикистон мебошад. Соли 1938 масоҳати он 50 ҳазор га-ро ташкил медод. Солҳои 1945- 1946 масоҳати мамнуъгоҳ то 7 ҳазор га кам карда шуд, соли 1951 бошад масоҳати он 27000 га илова карда шуд. Аммо дар натиҷаи азхудкунии заминҳои водии Вахш соли 1953 қаламрави он 21000 га кам карда шуд. Баъдан тибқи қарори Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 09.05.1959 масоҳати мамнуъгоҳ 41000 га муқаррар гардида, он ба ихтиёри Комитети хоҷагии ҷангали ҶШС Тоҷикистон интиқол карда шуд.
Дар мамнуъгоҳ 45 намуди ҳайвоноти ваҳшӣ, 214 намуди паранда, 8 намуди морҳо ва 5 намуди калтакалосҳо вуҷуд доранд. Намуди моҳии релективии “Белбинии Амударё” (лопатонос) дар ҳудуди мамнуъгоҳ ба назар мерасад, ки он танҳо дар қитъаи Осиё, дар ҳавзаи дарёҳои Амую Сир ва дар Амрикои Шимолӣ, дар ҳавзаи дарёи Миссисипи вомехӯрад. Ба ғайр аз ин, дар мамнуъгоҳ боз 19 намуди дагари моҳиҳо ба монанди белмоҳӣ, сангмоҳӣ, гамбузия ва ғайраҳо мавҷуданд.
Ноҳияи Қубодиён
Қубодиён дорои мавзеъҳои барои сайёҳон ҷолиби таърихии Қалъаи мир, Тахти Сангин, Тахти Қубод ва Шоҳтеппа буда, онҳо ин аз таърихи чандинҳазорсолаи ин диёри бостонӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар ҳақиқат Қубодиён, яке аз ноҳияҳои қадимаи тоҷикон, гаҳвораи маданияти он ба ҳисоб меравад.
Дар ноҳияи Қубодиёни бостонӣ 8 адад ёдгориҳои таърихии аҳамияти умумиҷумҳуриявидошта мавҷуд аст, ки ба асрҳои 6-и пеш аз мелод ва 4-5-и мелодӣ тааллуқ доранд.
Яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба Тахти Сангин дарёфти “Хазинаи Амударё” аз ин маҳал буд. Тахти Сангин макони машҳури таърихӣ дар тамоми Тоҷикистон аст.
Пайдоиши он ба асри IV пеш аз милод ва асри III милодӣ рост меояд. Масоҳати умумии ин мавзеъ 75 гектарро ташкил медиҳад. Тахти Сангин аз ҷумлаи маконе ном бурда мешавад, ки Тоҷикистон онҳоро ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарӣ кардааст.
Дар ин шаҳр як қалъаи мустаҳкаме мавҷуд будааст. Ҳафриётҳо дар дохили ин шаҳр ёдгории Маъбади Оксро (номи ҷуғрофии юнонии дарёи Аму-Дарё) кашф карданд. Аксари муаррихон ақидаеро пешниход кардаанд, ки ин қаср барои худои дарёи Вахш -Ошхо сохта шудааст. Дар дохили маъбад толоре бо чор сутуни сафед вуҷуд дошт. Баландии деворҳои он 5 метр буд. Толори Сафед бо долонҳо аз ҷануб, ғарб ва шимол иҳота гардидааст. Даромадгоҳи Толори Сафед дар тарафи шарқ мебошад.
Дар ду ҷониби толор ё кохи сафед утоқҳои симметрии оташдон ҷойгир шуда буданд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, оташи муқаддас дар кохи сафед нигоҳ дошта мешуданд.
(Давом дорад)
Комрон РАСУЛОВ ,
унвонҷӯи кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...