Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОСЕЪ. БОЗДИДИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ РАФТИ ҲОСИЛҒУНДОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИЛҲОМ”


ВОСЕЪ. БОЗДИДИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ РАФТИ ҲОСИЛҒУНДОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИЛҲОМ”




Имрӯз, 4 июн, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Шобикаи Ҷамоати деҳоти “Тугарак”-и ноҳияи Восеъ аз рафти ҳосилғундорӣ дар хоҷагии деҳқонии “Илҳом”боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Илҳом» дорои 30 гектар заминҳои корами обӣ буда, дар соли ҷорӣ дар 17 гектар пунбадона, 2,5 гектар пиёз, 2 гектар полезӣ, 1,5 гектар боғ, 5 гектар гандум ва 2 гектар хӯроки чорво кишт намудааст. Айни замон ҳосили пиёз омода шудааст.


Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ кишти пунбадона ба ҳисоб рафта, ҳамасола баъд аз ҷамъоварии ҳосили пиёз, пунбадона кишт менамояд.


Ба иттилоъ дода шуд, ки то ин вақт 1 гектар ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуда, аз як гектар 523 сентнер ҳосил ба даст овардаанд. 


Бо ҳамин роҳ ҳамасола хоҷагӣ номгӯи зиёди зироати кишоварзиро кишт карда, аз самараи дастранҷи худ дар беҳбудии рӯзгори саҳмдорон ва сатҳи иқтисодии хоҷагӣ саҳмгузорӣ мекунанд. Соли дуюм аст. ки хоҷагӣ бо роҳандозии таҷрибаи нави истеҳсолӣ дар масоҳати 2,5 гектар пиёзи барвақтӣ ба роҳ монданд. 


Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо деҳқонон сӯҳбати самимӣ намуда, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд дод.


Таъкид карда шуд, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамоянд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода