Баргузории гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» дар ноҳияи Ховалинг
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 203
Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва соҳибкорони ватанӣ чорабинии муҳташами гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ паҳлавонони ватанӣ, кишварҳои Осиёи марказӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва мухлисони гӯштини миллӣ иштирок доштанд.
Ҳамзамон дар ин чорабини мазкур кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ даъват карда шуда буданд.
Ёдовар шудан лозим сат, ки ҷиҳати ҷалби варзишгарон (гӯштингирон) аз ҳисоби кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ як гилеми алоҳида (татама) гузошта шуда, ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсус ва дигар сохторҳо дар мусобиқаи мазкур иштирок намуданд.
Бобоҷон Бобоев дар мусобиқаи соҳиби Шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрави "Мерседес-Бенс" гардид.
Бояд зикр намуд, ки Шоҳҷоиза 3 автомашинаи сабукрав ва дигар тӯҳфаҳо, аз қабили уштур, асп, гов, телевизион, қолин, маблағҳои пулӣ ва ғайра гузошта шуда буд.
Ба ғолибон дар маросими тантанавӣ Шоҳҷоиза - воситаи нақлиёти сабукрав, туҳфаҳои арзишнок ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...