МУЛОҚОТ БО УЗВИ АССАМБЛЕЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ Ю ДОНГСУ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 219
24 май дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донгсуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Ҳар ду ҷониб аз ҳолати феълии робитаҳои Тоҷикистону Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зимни мулоқот рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима гардид.
Таъкид шуд, ки бунёди корхонаҳои истеҳсоли зарфҳо ва пластинаҳои офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, ки имрӯз барои сохтмони онҳо санги асос гузошта шуд, оғозбахши марҳалаи нави рушди ҳамкорӣ хоҳад гардид.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ инчунин масоили мубрами минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00