ИФТИТОҲИ БИНОИ САРДХОНА БАРОИ 100 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 232
Дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода дар маҳаллаи 15-уми ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои сардхона барои 100 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба истифода доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои сардхона 4 январи соли 2024 оғоз гардида, моҳи майи соли ҷорӣ пурра ба итмом расонида шудааст. Корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ дар масоҳати умумии 280 метри мураббаъ бо инобати дуҳуҷра бунёд гардида, барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.
Сардхона дорои 2 ҳуҷра барои нигоҳдории мевагӣ ва сабзавот бо ғунҷоиши 100 тонна маҳсулоти кишоварзӣ сохта шуда, айни замон дар бинои сардхона сабзавоти тару тозаи сабзӣ захира карда шудааст.
Арзиши умумии харҷномавии бинои мазкур 732 856 сомониро ташкил менамояд, ки аз он барои корҳои сохтмонӣ–васлгарӣ 580 856 сомонӣ ва тарҳу насби таҷҳизотҳои барқӣ 152 000 сомонӣ сарф шудааст.
Бунёди чунин сардхонаҳо ҷиҳати пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавот дар ҳама фаслҳои сол мусоидат намуда, бо истифода аз имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ноҳия, ҳаҷми захираи маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоянд.
Бояд зикр намуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...