БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚУБУРҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ ВА ДАРҲОИ ОҲАНИНУ ЧӮБИН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 227
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара рӯзи 24 май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода ба марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сиёвуш - Ёқуб” ҳусни ҳусни оғоз бахшиданд.
Марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Сиёвуш - Ёқуб” дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди саноатикунонии кишвар дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд гардидааст.
Корхона дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара воқеъ буда, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Салимов Ҳаким Фатҳуддинович бунёд гардидааст. Масоҳати умумии бино 0,94 гектарро дар бар мегирад. Корхона бо роҳи қарзи фонди соҳибкорӣ дар ҳаҷми 2 100 000 сомонӣ бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти замонавии корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Дар иншооти навбунёди мазкур зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин гардидаанд. Сохтмони иншоот бо қувваи худи соҳибкор ба роҳ монда шудааст.
Саҳни ҳавлии корхона бетонпӯш шуда, дар атроф ва роҳравҳои он гулҳои рангорангу дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.
Дар марҳилаи дуюми корхона – истеҳсоли қубурҳои пластикӣ (полипропиленый труба) ба роҳ монда шуда, бо ҳаҷми 5 андоза (20, 25, 32, 40, 50, 63) дар ҳарорати оби гарм ва хунук истеҳсол мешавад. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 4 200 метр ва дар 1 сол 1 512 000 метрро ташкил медиҳад. Инчунин, дар корхона дарҳои оҳанину чубин низ истеҳсол мешавад.
Роҳбарияти корхонаи мазкур нақша дорад, ки дар марҳилаи сеюм боз як корхонаи истеҳсолии дигарро ба истифода диҳад, ки дар он зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.
Айни ҳол дар корхонаи мазкур 110 нафар сокинони маҳаллӣ кор ва фаъолият карда истода, бо сару либоси корӣ, ҷойи зист барои кормандони дурдаст, хӯроки 2-вақтаина ва бо маоши хуб (аз 2500 то 4500) таъминанд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят, бо кормандон суҳбат ороста, аз шароити кориашон пурсон шуд ва зимни суҳбат кормандон аз вазъи кориашон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Раиси вилоят саҳми соҳибкорро дар рушду нумуи ватан шоиста арзёбӣ намуда, барои обод намудани як гӯшаи диёр, таъмини ҷойҳои нави корӣ сипосгузорӣ намуд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...