Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ ШУЪБАИ ТАВАЛЛУД ВА БЕМОРИҲОИ ДИЛИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ БАЪД АЗ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ


ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ ШУЪБАИ ТАВАЛЛУД ВА БЕМОРИҲОИ ДИЛИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ БАЪД АЗ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ




Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара 24 май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода Шуъбаи таваллуд ва бемориҳои дили Беморхонаи марказии ноҳияро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода доданд.

Тавре ки аз шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, корҳои таҷдиду навсозии Шуъбаи таваллуд ва бемориҳои дили Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара моҳи октябри соли 2023 оғоз гардида, моҳи майи соли 2024 ба анҷом расид.

Фармоишгар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ ҶДММ “Фаридун”, лоиҳакаш ҶСК “САНИИОСП” буда, бо маблағи умумии 10000400 сомонӣ ба нақша гирифта, бо маблағи 9000590 сомонӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Масоҳати зери сохтмон – 1918,9м2, масоҳати умумӣ – 4192,9м2, масоҳати фоиданок 3463,7м2 -ро ташкил дода, бино аз се ошёнаву таҳхона ва 62 ҳуҷра, аз ҷумла шуъбаи таваллуд, амрози занона, бемориҳои гуногун, маркази таъҷилӣ, нақшавӣ ва ҷарроҳӣ иборат аст.

Иттилоъ дода шуд, ки Шуъбаи таваллуд ва бемориҳои дил бо 80 кат барои қабули шаҳрвандон хизмат мерасонад.

Ҳамчунин барои беҳтар кардани шароити корӣ дар Шуъбаи таваллуд ва бемориҳои дил толори маҷлис, шуъбаи рентгенологӣ ва ошхона бунёд шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба коргарону сохтмончиён барои иҷрои босифату саривақтии корҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Инчунин, табибонро вазифадор намуданд, ки барои мардум хизмати босифати тиббӣ расонанд ва муомилаи хуб дошта бошанд.

Бояд зикр намуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода