Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Русия


Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Русия




21 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси ҷониби Русия мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров баргузор гардид.

Дар ин хусус сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои ду давлатро бо тамаркуз ба татбиқи мувофиқаҳои 9 майи соли 2024 байни Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия бадастомада мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин атрофи масоили фаъолияти меҳнатии муваққатии шаҳрвандон ва омодагӣ ба музокироти дуюми байниидоравии Тоҷикистон ва Русия, ки қарор аст 28 майи имсол дар Душанбе доир шавад, табодули афкор намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода