Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба «Новый Хатлон» фатҳи қуллаҳои нави эҷодиро орзумандем


Ба «Новый Хатлон» фатҳи қуллаҳои нави эҷодиро орзумандем




Боиси хушнудист, ки рӯзномаи дӯстдоштаи ҳамагон «Новый Хатлон» тӯли 80 соли фаъолият дар баланд бардоштани маърифат ва огоҳонидани аҳолӣ, ташаккули афкори ҷомеа, ташаккул ва рушди муҳити адабӣ ва махсусан журналистика дар вилояти Хатлон саҳми арзанда гузошта, барои таъсис ва таҳаввули нашрияҳои дигар дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Басо фараҳбахш аст, ки рӯзи 1 майи соли ҷорӣ аз замони нашри шумораи якумини рӯзномаи русизабони вилоят – “Новый Хатлон” 80 сол сипарӣ гардид. 

Агар ба таърихи матбуоти даврии вилояти Хатлон нигарем, дармеёбем, ки мавзӯю мундариҷа, ҳолат ва марҳилаҳои инкишофи он вобаста ба таҳаввулоти замон, барномаҳои давлатӣ, сиёсати ҳукумат, тағйирёбии афзалиятҳо, рушди технология, афзоиши инструментҳои нигориш ва касбияти хабарнигорон гуногун будааст. Бо гузашти солҳо, пешрафти арсаҳои кишоварзию саноат, обёрии водиҳо, мавзуъ ва муҳтавои матолиби рӯзномаи “Новый Хатлон” низ тағйир меёфт. Аммо ҳамеша иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан аз ҳадафҳои аслии аҳли эҷоди рӯзномаи “Новый Хатлон” буду боқӣ мемонад.

Мояи ифтихор аст, ки то имрӯз журналистону зиёиёни соҳибқаламу саршинос, ба монанди Виолин Т.Г., Садошенко С.Н., Зайцев А.В., Тахаленко С.Н., Жильцов В.В., Попов Г.Н., Попова О.П., Боброва О.И., Щербатова Г.П., Красотин В.В., Бессараб Л., Щекотов О., Ниязов Н., Латипов Г., Шихова Л., Пак Н., Собирова С., Ниязова Н., Мирзоев З., Сотиев М.Н., Гаибова З.Г. ва дигарон дар ин нашрияи соҳибмактаб фаъолият кардаву соҳибном шудаанд.

Исми ҳар як корманди эҷодиву техникие, ки тӯли ин солҳо кори нашрияро пеш бурда ва масъулиятшиносона вазифаҳои худро иҷро намудаанд, барои ҷомеаи мо гиромист.

Рӯзноманигорони нашрия ҳамеша принсипҳои касбии фаъолиятро риоя намуда, арзишҳои миллию давлатдориро самимона дифоъ мекарданд. Ҳанӯз дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар авоили солҳои 90-уми садаи ХХ, мавҷудияти таҳдид ба ҳаёт ва саломатии рӯзноманигороне, ки дар Қӯрғонтеппа фаъолият мекарданд, рӯзномаи «Новый Хатлон» дар саҳифаҳои худ аз озодии баён ва андеша истифода бурда, мекӯшид, ки рӯйдодҳоро бо камоли кордонӣ инъикос намояд ва хонандагони худро ба ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ даъват мекард.

Ҳарчанд, рӯзномаи “Новий Хатлон” тӯли солҳои фаъолияташ бо номҳои гуногун ба дасти хонанда расид, аммо мақсад ва ҳадаф тағйирнопазир боқӣ монд: таъмин намудани ҷомеа бо ахбори сареъ, иттилооти дақиқ, тарғибу таблиғи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу умумибашарӣ. Ҳайати эҷодии рӯзномаи мазкур дар солҳои соҳибистиқлолӣ низ рисолати хешро дар асоси сиёсати давлату Ҳукумат сарбаландона иҷро намуда, дар тарғиби самтҳои асосии фаъолияти давлат - фарҳангу санъат, иқтисоду саноат, маорифу энергетика, варзишу тандурустӣ бо диди наву усулҳои муосир муносибат доранд.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: «Матбуот чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад». Дар баробари ин, Президенти кишвар чунин вазифагузорӣ кардаанд: «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус, амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд». Хурсандибахш аст, ки аҳли эҷоди рӯзномаи “Новый Хатлон” дар масири фаъолияти бисёрсолаи худ ин рисолатро бо масъулияти баланд ва сарбаландона иҷро карда меоянд.

Мутмаинем, ки аҳли эҷоди рӯзномаи “Новый Хатлон” минбаъд низ бо масъулияти тамом мактаби ташаккулёфтаи эҷодии нашрияро ҳифз намуда, ба таъриху суннатҳои ин боргоҳи маънӣ арҷ гузошта, рисолати касбиро самимона иҷро карда, бо сеҳри қалами худ дар рушди на танҳо матбуоти даврии тоҷик, балки тамоми Тоҷикистони маҳбубамон саҳми мондагор хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин нияти нек, тамоми кормандони эҷодию техникӣ, собиқадорону ҳаводорони ин рӯзномаи дӯстдоштаниро бо 80-умин солгарди таъсисёбиаш сидқан табрику таҳният гуфта, ба якояки шумо сарсабзиву шукуфоӣ, комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ, тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори пурфайзу босаодат ва бахту иқболи некро таманно менамоем.

Бо эҳтиром,
ҳайати таҳририяи рӯзномаи
вилоятии “Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода