Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муҷозот барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин


Муҷозот барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин




Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки бархе аз ронандагон бо беэътиноӣ ба қонунҳои амалкунанда дар ҳолати сархушӣ пушти чанбараки автомашина менишинанд, ки мутаассифона, ин амалкарди онҳо фалокатбор меанҷомад.

Чунончи, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Сиелло», рақами қайди давлатиаш 22-18 РТ 03, сокини 31-солаи ноҳияи Кӯшониён Сафаров Умедҷон ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 08-01АМ03, сокини 45-солаи шаҳри Бохтар Файзалиев Акрамҷон аз ҷониби нозирони роҳи шаҳри Бохтар боздошт ва барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт нисбаташон тибқи талаботи моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бо қарори Суди шаҳри Бохтар нисбати ронандагони сархуш ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 сол татбиқ карда шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода