Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Музди миёнаи меҳнат 13,8% боло рафт


Музди миёнаи меҳнат 13,8% боло рафт



Музди миёнаи номиналии кор дар моҳҳои январ-феврали соли 2024 дар вилояти Хатлон ба 1672 сомонию 40 дирам баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти Сарраёсати омори вилоят, кормандони соҳаи неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво ба ҳисоби миёна 3964 сомонию 73 дирам маоши моҳона доштаанд, ки нисбат ба сатҳи миёнаи музди меҳнат дар вилоят 2,4 баробар бештар аст. Кормандони  молия ва қарзгузорӣ ба ҳисоби миёна 3956 сомонию 87 дирам, кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданоки вилоят ба ҳисоби миёна 2513 сомонию 73 дирам ҳақмузд мегирифтаанд. 


“Дар шаклҳои моликияти бахши воқеӣ ҳаққи меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ 837 сомонию 65 дирам ҳисоб шуд, ки аз ҳисоби миёнаи вилоят 50,1 фоиз кам аст”, - афзуд манбаи хабар.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода