Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Истеҳсоли 50 тонна лимӯ дар «Сомон-Бохтар»


Истеҳсоли 50 тонна лимӯ дар «Сомон-Бохтар»




Соли 2023 дар гармхонаи Кооперативи истеҳсолии «Сомон- Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён 50 тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид, ки он дар муқоиса ба соли 2022 (40 тонна) 10 тонна зиёд мебошад. Муассиси хоҷагии мазкур ба нақша гирифтааст, ки дар майдони 2,0 гектар барои парвариши лимӯ гармхонаи нав бунёд намояд.

Роҳбари хоҷагӣ Маҳмадтолиб Ҷобирзода ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки ба сохтмони гармхона аз соли 2012 оғоз намуда, соли 2016 онро ба истифода доданд. Дар хоҷагӣ 10 гармхона бунёд шудааст, ки дар онҳо 6 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Даромади хоҷагӣ аз ҳисоби гармхона аз 300 то 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон ҳосили лимӯро ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда, ҳамчунин ба Федератсияи Русия содирот менамоянд.

Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар» дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хӯроки чорво ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода