Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ


ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ




Дар идомаи сафари корӣ дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб Маркази савдо ва хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Маркази савдо аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акбарова Зинатбӣ бунёд ёфтааст. Маркази савдо дорои мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухона ва дигар маҳсулотҳои ниёзи мардум буда бо беҳтарин шароитҳои гигиенӣ ва хизматрасонӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳакаши сохтмони мазкур КВД "Лоиҳакаш"-и шаҳри Кӯлоб буда, дар он 20-нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ба кори доими ҷалб карда шудааст.

Сохтмони Маркази савдо соли 2021 оғоз ёфта, соли 2024 иншооти мазкур бо маблағи умумии 1 200 000 сомонӣ анҷом ёфта, мавриди истифода қарор гирифт.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода