Театр саҳнаи зиндагист
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 257
Фирдавси Турдиалӣ соли 1993 дар деҳаи зебоманзари Алмосии шаҳри Ҳисор дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёна ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супорида, онро бомуваффақият хатм мекунад. Баъди хатми донишкада ба ҳайси ҳунарпеша ба шаҳри Бохтар омада, дар театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ба фаъолият оғоз мекунад.
Дар намоишномаҳои «Наврасии Мушфиқӣ» – нақши Мушфиқӣ, «Чароғи сеҳрноки Аловуддин» – нақши Аловуддин, «Аршин Мал Анан» нақши –Аршин Мал Анан, «Қалби зан» – нақши Мурод, «Арӯси хапак» нақши асосии мардона, «Зол ва Рудоба» – нақши Зол, «Карим Девона» нақшофарӣ кардааст.
Рӯзномаи «Хатлон» дар арафаи Рӯзи зиёиёни эҷодкор мусоҳибае дошт, бо ин ҳунарпешаи ҷавону бомаҳорат, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон менамоем.
-Ростӣ, намедонам. Вале бояд гӯям, ки дар авлоди мо ягон нафар ҳунарманд нестанд ва ё умуман дар соҳаи фарҳанг кор накардаанд. Ман дар оила камгап, шармгин, одамгурез будам. Вақте гуфтам, ки ман ҳунарпеша мешавам, ҳама ҳайрон шуданд: «Ту, хаппак, ҳунарпеша мешавӣ?», гӯён бовар намекарданд, ки аз ман ҳунарпеша мебарояд.
Аввал орзуи табиб шуданро мекардам. То хатми мактаб ман ягон маротиба ба театр нарафтаам, ягон ҳунармандро аз наздик надидааму суҳбат накардаам, ки ба вай пайравӣ карданӣ бошам. Соли дар синфи поёнӣ хонданам, ба мактабамон сирк омада буд, ана дар ҳамон ҷо ҳунармандонро аз наздик дидааму халос.
Боре як хеши дурам, ки актёр буд, гуфт: «Биё, ман туро ба институти санъат дохил кунам». Шояд ҳамин маслиҳаташ маро рӯҳбаланд намуд ва ин касбро интихоб кардам.
Дар гӯшаи хаёлам набуд, ки дар як саҳна бо ҳунармандони шинохта нақш меофарам. Пас аз хатми донишкада бо даъвати директори театр шодравон Аловуддин Абдуллозода ба шаҳри Бохтар омадам.
-Аввалин нақши офаридаи худро дар хотир доред?
-Бале, ба хотирам ҳаст. Ҳангоми дохилшавӣ ба донишкада имтиҳони мо этюд – як лаҳзаи зиндагиро намоиш додан буд. Устод Тағоймурод Розиқов ҳангоми имтиҳон супориш дод, ки этюди гандумдаравиро иҷро кунем. Ман намоиш додам. Устод бо даст тарзи доштани хӯшаи гандумро нишон медоду мо сари тарзи доштани хӯшаи гандум ҳангоми дарав баҳс кардем.
Аввалин нақши офаридаи ман дар саҳнаи касбӣ Мушфиқӣ, дар намоишномаи «Наврасии Мушфиқӣ» буд.
-Дар театри музофотӣ кор кардан бароятон душворӣ намеорад?
-Не. Ягона мушкилии ман он аст, ки дар ин ҷо дур аз падару модар ҳастам. Бо эҳсоси баланд мегӯям, ки ман аз омадан ба шаҳри Бохтар пушаймон нестам. Чунки дар ин ҷо малакаи актиёриро сайқал додам.
-Агар Шуморо барои кор ба дигар театрҳо, махсусан ба театрҳои шаҳри Душанбе даъват кунанд, розӣ мешудед, ки ба он ҷо равед?
-Чандин маротиба маро барои кор ба театрҳои шаҳри Душанбе даъват карданд. Дар оянда нақшаҳо ҳам ҳаст, ки ман бояд ба пойтахти кишвар равам. Аммо ба шаҳри Бохтар одат карда, душвор аст, ин шаҳрро тарк кардан. Агар даъват ҳам кунанд, гумон мекунам, рафтани ман ба тақдиру насиб вобастааст.
-Офаридани нақши кадом шахсиятҳои таърихиро орзу мекунед?
-Бисёр мехоҳам, ки дар саҳнаи театр нақши Восеъро офарам.
-Чаро?
-Вақте ки дар намоишномаи «Наврасии Мушфиқӣ» нақши Мушфиқиро бозидам, он бисёр образи дилшикаста, бечора, пару болшикаста ва ғамзада буд. Таъсири ана ҳамон образ буд, ки бисёриҳо гумон мекунанд, ки ман дар зиндагӣ як шахси ғамзадаву хафа, пару болшикаста ҳастаму ҳамеша ҳамингуна нақшҳоро бояд иҷро кунам. Аммо, ман мехоҳам, як образеро офарам, ки ҷасуру далер, нотарсу бебок, матин ва қаҳрамон бошад. Гумон мекунам, ки қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ аз ҷумлаи чунин образ ва нақшҳост ва ман аз уҳдаи он баромада метавонам.
-Офаридани кадом образ бештар ба шумо писанд аст, комедӣ ё фоҷиавӣ?
-Образҳои фоҷиавиро бештар меписандам, чун ин нақш ба табиати ман наздик аст.
-Бо кадом коргардон кор намудан ба Шумо писанд аст?
-Бо ҳамаи коргардонҳо кор кардан, махсусан бо оне, ки ҳунарпешаро дар образ озод гузораду ӯро гӯш кунад, бештар актёрро дарк кунад, баҳсу мунозира, талош, ҷасту хези ҳунарпешаро фаҳмад, писанд аст.
-Дар Хатлон чунин коргардонҳо ҳастанд?
-Ҳастанд, вале ангуштшуморанд.
-Нақшофарӣ кардан дар саҳна бо кадом ҳунарпеша ба Шумо хуш меояд?
-Фикр мекунам, ки ҳунарпеша бояд бо ҳар нафаре ки бошад, нақшофарӣ кунад. Имрӯз дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии шаҳри Бохтар ҳама ҳунармандони касбӣ- ҳирфаӣ ҳастанд. Кор кардан бо ҳамаи онҳо барои ман хуш аст. Вобаста аз худи ҳунарпеша, ки то кадом андоза метавонӣ ба онҳо кумак намоӣ.
-Ҳамсари Шумо – Дилафрӯз Саидова ҳамкори шумост. Ҳарду дар чанд намоишнома нақшҳои марказиро бозидаед. Кор кардан бо ҳамсар дар як саҳна душвор нест?
-Бале, ман бо ҳамсарам Дилафрӯз дар бисёр нақшҳо якҷо ҳунарнамоӣ кардаем. Дар намоишномаҳои «Чароғи сеҳрноки Аловуддин», «Зол ва Рудоба», «Аршин Мал Анан», «Арӯси хапак», «Қалби зан» аз ҷумлаи онҳост.
Баръакс, барои ман хело осон аст, бо ӯ дар як намоишнома нақшофарӣ карданд. Чун ӯ маро мефаҳмад, дарк мекунад. Ҳангоми тамрини намоишнома мо азобу душворӣ намекашем. Боз мо метавонем, дар хона порчаҳои намоишномаро машқу тамрин кунем.
-Оё боре ҳам ҳангоми нақшофарӣ ба ҳамсаратон рашк кардаед?
-Бале. Бе рашк намешавад. Аммо мо аз ҳама асос якдигарфаҳмӣ дорем. Соли 2018 ҳамин рашк боис шуд, ки ман як нақшро аз Отахон Саидзода бигирам. Коргардон Бурҳон Раҷабов намоишномаи «Аршин Мал Анан»- ро ба саҳна мегузошт. Дар ин намоишнома қаҳрамонҳо ҷуфт-ҷуфт буданд. Дилафрӯз - нақши Гулчеҳра ва Отахон Саидзода - Аршин дар нақш - ҷуфти асосӣ буданд. Ман ва ҳунарпеша Ганҷина Саидова дублёри нақши Аршину Гулчеҳра будем.
Ман бисёр кӯшиш кардам, ки нақши Аршин аз они ман шавад. Ҳамеша тамрин намуда, матнро азёд мекардам, дар вақтҳои холӣ дар ҷойи кору хона бо Дилафрӯз тамрин мекардам. Ва дар натиҷа Бурҳон Раҷабов гуфт, ки аз ҳарду - ману О. Саидзода кадоме беҳтару хубтар бозӣ кунад, нақши асосӣ аз ӯст. Ва билохира нақши Аршинро коргардон ба ман бовар кард.
-ӯ низ рашк мекунад?
-Бале, гоҳ-гоҳе ракш мекунад. Аммо Дилафрӯз зуд рашкашро дур месозад, зеро бо фаъолияти актиёрӣ хуб ошност.
-Ба назари Шумо, се ҳунарпешаи беҳтарини тоҷик миёни мардон киҳоянд?
-Аловуддин Абдуллозода, Қурбон Собир, Ҳошим Гадо.
-Миёни занон чӣ?
-Мавлона Наҷмиддинова, Моҳпайкар Ёрова ва Марям Исоева.
-Нақшҳо –қаҳрамонҳои манфӣ, ки бештар дар хотиратон мондааст?
-Дар намоишномаи «Наврасии Мушфиқӣ» нақши муллое ҳаст, ки ҳангоме падари Мушфиқӣ мемирад, ӯ ҷаноза ва гӯру чӯб кардани падари Мушифиқиро манъ мекунад ва ин амалашро чунин мефаҳмонад: «Ӯ кофир буд, кофир зист, ҷаноза кардан раво нест». Ростӣ, ҳамин нақш бароям писанд нест.
-Кадом намоишномаҳоро барои тамошо кардан ба хонандагон тавсия медиҳед, ки онро ҳатман бинанд?
-Барои мо - ҳунармандон, ҳамаи намоишномаҳо диданӣ ҳастанд. Намоишномаҳои «Фирдавсӣ», «Хоҷа Нас-риддин ва панҷ ҳамсари ӯ» ва «Найрангҳои Скопен» бошанд, беҳтаранд.
-Театри тоҷик имрӯз тамошобин дорад?
-Мо наметавонем гӯем, ки театри имрӯза тамошобин надорад. Агар ба театр як нафар ҳам биёяд, барои мо вай мухлис, тамошобин ва довар аст. Бисёр хушоянд аст, ки имрӯз тамошобинон, ҳарчанд кам ҳам бошанд, вале бо хоҳиши худ ба театр меоянд.
-Ба наздикӣ Шумо аз сафари ҳунарии давлати Эрон баргаштед. Фарқияти нақшофарии ҳунармандони театри тоҷикро аз ҳунармандони театрҳои дигар давлатҳо мушоҳида кардед?
-Ба мушоҳидаи ман, камбудии асосии театрҳои тоҷик он аст, ки ҳунармандон дар саҳнаи театр кам зиндагӣ мекунанд. Нақшҳое, ки меофаранд, диққатҷалбкунанда нест, матнро аз ёд мекунанду рӯи саҳна омада онро мегӯянду мераванд. Эҳсосоте, ки тамошобинро ба ваҷд биёрад, кам аст. Чуноне ки мегӯянд,
Саҳнаи театр, ёрон нусхае аз зиндагист,
Гоҳ мебояд табассум карду ҳам гоҳе гирист.
Мақсади офариниш тобиши ҳар рангу сухан,
Ҳар намоиш инъикоси одаму одамгарист.
Пас, чигуна метавон дарди мардумро бе дард, бе эҳсосот, бе амал гуфту намоиш дод.
-Пас, ин камбудии кист? Ҳунарманд, коргардон, мудирият ё тамошобин?
-Ҳунарманд мисли кӯдак аст. Коргардон онро мисли гил чигунае, ки хоҳад, шакл медиҳад. Коргардон вазифа мегузорад, ҳунарманд иҷро мекунад. Ҳунармандро коргардон месозад.
-Яъне, коргардонҳои мо камтаҷрибаву заифанд?
-На, ман инро гуфтанӣ нестам. Ҳунарманди тоҷик овози хуб, фораму ширин, диапазонҳои боқувват доранд. Фикр мекунам, ки коргардонҳои мо ба ҳамин ҷанба кам аҳамият медиҳанд. Шояд дар ин росто каммасъулиятии ҳунармандон ҳам бошад. Онҳо каме шахшудаанд, зеро навовару ҷӯянда нестанд. Аз болои касбият, такмилу худомӯзии ҳунар ва истеъдод кор намекунанду ба пешрафту рушди худ аҳамият намедиҳанд.
-Кадом намоишномаро мехоҳед, ки такрор ба такрор тамошо кунед?
-Намоишномаҳои «Зол ва Рудоба» ё «Наврасии Мушфиқӣ». Дуюмро бештар мехоҳам, чун намоишнома аз бисёр ҷиҳат муассир аст. Афсӯс, имрӯз он ҳунарпешаҳое, ки дар «Наврасии Мушфиқӣ» нақш офарида буданд, тарки касб карданд. Ман бисёр мехоҳам, ки ҳамин намоишнома дубора рӯйи саҳна биёяд.
-Имрӯз ба кадом корҳо бандед?
-Агар гӯем, ки дар истироҳат ҳастам, хато намекунам. Зеро тайи чанд соли охир дар аксар намоишномаҳои театри шаҳри Бохтар дар нақшҳои асосӣ бозӣ кардаам. Ин боис шуд, ки қисмати зиёди ҳунарпешаҳо дар паси парда монда, нақшҳои дуюму сеюмдараҷаро бозӣ намоянд. Аз ин рӯ, маъмурият ва коргардонҳо хостанд, ки ба онҳо низ имконият диҳанд, то нақшҳои асосиро бозанд. Ҳоло ман дар намоишномаи «Писари Ситора», ки имрӯз ҳайати эҷодии театр болои он тамрин доранд, машғул ҳастам. Ман дублёри яке аз нақшҳои асосии намоишнома мебошам.
-Ташаккур, барои суҳбати самимию ошкоро.
Толиб Толибзода,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...