Наврӯз омад, ҳама ҷо гулрез шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 220
Наврӯз ҷашни оғози баҳор, соли нави мардуми тоҷику форс ва дигар халқҳои ҷаҳон буда, аз замонҳои қадим ҳамчун санаи бунёдкорӣ, дӯстию бародарӣ таҷлил карда мешавад. Оид ба таърихи пайдоиши Наврӯз ва афзалиятҳои он бо таърихшинос Холмад Сафаров суҳбате доштем, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон менамоем.
-Устод, мегуфтед, ки кадоме аз расму оинҳои Наврӯз то имрӯз ба мо омада расидааст.
-Ҷашни Наврӯз, ки дар аҳди қадим вуҷуд дошт, расму оин ва анъанаҳои ба худ хосро доро буд. Аз ҷумла барои ҷуфти замин тайёрӣ дидани марди деҳқон, ки ин анъанаро «ҷуфтбаронрон» ном мебурданд. Оини дигари ба Наврӯз хос «бузкашӣ» буд. Мардуми тоҷик аспҳоро аз зимистон барои бузкашӣ омода мекарданд. Маросими «обпошӣ» ва сохтани «ашагулон» дар замони мо кам мушоҳида мешавад. Аслан сохтани ашаглон барои боридани борон ва ҳосили фаровон аст. Дигар анъана ин гӯштигирӣ аст, ки то ҳол дар аксар манотиқи Тоҷикистон дар арафаи Наврӯзу баҳор ташкил карда мешавад. Анъанаи қадимаи дигаре, ки то ба ҳол вуҷуд дорад, «гулгардонӣ» аст:
Гул овардам ба меҳмонӣ,
Ту қадри гул намедонӣ,
Агар донӣ, мусулмонӣ,
Баҳори нав муборак бод!
Ин мисраъҳоро кӯдакон замзама намуда, гурӯҳ-гурӯҳ аз кӯҳу пуштаҳо гулҳои сияҳгӯшу лола чида, ба хонаҳо тақсим мекарданд. Бо овардани гул кӯдакон ба мардум муждаи наврӯзиро мерасонанд. Соҳибхонаҳо бошанд, ба онҳо ҳамчун идона чормағз, ширинӣ ва дигар чизҳоро медоданд. Гулгардонӣ айни ҳол қариб ки мушоҳида намешавад.
-Ҷашнҳои миллӣ дар бақои миллат то кадом андоза нақш дошта метавонанд?
-Гуфтан лозим аст, ки ҳар як халқу миллат ва қавмҳои ҷаҳон ҷашну анъанаҳо доранд ва ин бевосита ба тамаддуну фарҳангашон вобаста аст. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯзи Аҷам, ки дар ҳамбастагӣ бо халқҳои Машриқзамин ва ориёинажод ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Наврӯз на танҳо як ҷашнест, ки ҳамчун ид ва сароғози сол таҷлил мегардад, балки барои ба вуҷуд овардани ҳувияти миллӣ ва анъанаҳои гузаштаи халқи тоҷик, достону асарҳое, ки буд ва минбаъд эҷод мешавад, заминаи муносиб гузоштааст.
- Наврӯз решаи динӣ надорад. Оё воқеият ҳамин аст?
-Наврӯзи оламафрӯз дар замонҳои қадим, дар давраи сулолаи Каёниён, Пешдодиён ҷашн гирифта мешуд ва ин ба дини ислом ягон рабт надорад. Зеро, пеш аз дини мубини ислом Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Он дар замони Сосониён, Ашкониён, Ҳайтолиён, то барҳамхӯрии давлати Сосониён ҷашни анъанавӣ-миллии мардуми ориёнажод будааст. Вақте ки дини ислом ба вуҷуд омад, баъзе анъанаҳои Наврӯзӣ, махсусан гузоштани «шароб»-ро дар дастархони «Ҳафт шин» барҳам дод. Аммо худи Наврӯз боқӣ монд. Чунки худи Паёмбари ислом (с) нисбати анъанаҳое, ки дар ин ид мавҷуд буд, аз қабили пухтани суманак ва хайр кардан ба мардуми камбизоатро эҳтиром мегузошт ва ин анъанаро давом дод. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки ҷашни Наврӯз решаи динӣ надорад.
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки дар тамоми рӯи дунё «Наврӯз муборак» мегӯянд. Ин худ далели он аст, ки ҷашни Наврӯз ҷашни қадимаи мост. Оё метавон гуфт, ки ин таъсири фарҳанги мо ба фарҳанги дигар миллатҳост?
-Анъанаҳои наврӯзие, ки дар Осиёи Миёна ва халқу миллатҳои тоҷику ориёитабор гузаронида мешавад, таъсираш на танҳо ба минтақа, балки ба тамоми ҷаҳон расидааст. Анъанаҳои наврӯзӣ моли ориёиҳо буда, то имрӯз роиҷ ҳастанд. Гуфтан лозим аст, ки ин урфу одат ва анъанаҳои миллии моро дигар халқиятҳо ба худ гирифтаанд. Тоҷикони на танҳо муқими Россиябуда, балки Африқо, Австралия, Канада, Амрико Наврӯзро ботантана ҷашн мегиранд.
-Дар хони идонаи Наврӯзӣ «ҳафт син» ва «ҳафт шин» гузошта мешавад. Онҳо кадом рамзро ифода мекунанд?
-Наврӯз унсурҳои зиёде дорад, ки ба ҷо овардани онҳо ҳангоми таҷлил ҳатмӣ шуморида мешавад. Пеш аз ҳама, то оғози Наврӯз дар лаълиҳо гандум гузошта мешавад ва он месабзад. Баъди ба панҷ-шаш ангушт қад кашидани он ба атрофашон пораи матоъи сурх - алвон баста, ба дастархон гузошта мешавад. Инчунин, аз ҳамин гандуми нешзада суманак тайёр мекунанд.
Ба ғайр аз ин, дар маросими ҷашнӣ оро додани дастархони «ҳафтсин» низ маъмулу ҳатмӣ мебошад. Он аз ҳафт анвое, ки бо ҳарфи син (с) оғоз меёбад, аз қабили: себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак иборат аст. Ҳар яки он рамзи махсусеро ифода менамояд: себ - аломати зебоӣ; сабза, яъне донаҳои сабзидаи тухми гандум - рамзи зиндагӣ, эҳёи ҳаёт; сирко - дарозумрӣ ва сабру тоқат, санҷид - меҳру муҳаббати поку беолоиш, сикка - сарвату дороӣ, шукуфоӣ; сир - тандурустӣ ва дур гаштан аз бадбахтию нокомӣ ва суманак - рамзи фаровонию осудагӣ. Бояд ёдовар шуд, ки суманак як ҷузъи асосӣ ва ҳатмии дастархони Наврӯзӣ мебошад. Тайёр кардану анҷом додан ва пухтани суманак худ як раванди муайянеро доро аст. Занҳо ҳангоми кофтани суманак суруд мехонанд, ки нақароташ ин аст:
Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,
Дигарон дар хоб, мо кафча занем.
- Ба андешаи Шумо, кадом бартарии Наврӯз буд, ки миллати мо онро то имрӯз пос дошта тавонист?
-Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр ҷашни Наврӯз ҳамчун анъанаи куҳнаи сохти феодалӣ барҳам дода мешавад. Новобаста аз он, ки ҷашни Наврӯз барҳам дода мешавад, мардуми минтақаҳои Осиёи Миёна ҷашнро на бо номи Наврӯз, балки бо номи «оши дарвешона» ҷашн мегирифтанд. Масалан, дар ноҳияи Фархор яке аз он шахсоне, ки ба ин зиддиятҳо дучор шуда буд, Бегалӣ Ёров буд. Дар солҳои 70-ум ӯ дар тамоми ҷумҳурӣ «оши дарвешона»-ро дубора ба ҷашни Наврӯз табдил дод. Вале ин ҷашни ниёгон моли мо буд, ки мо ин анъанаро фаромӯш накардем ва тавонистем онро ҳифз карда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
-Барои суҳбат ташаккур!
Алишери АБДУЛ МАҶИД ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...