Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Чу фарҳанги тоҷик ҷаҳонист Наврӯз


Чу фарҳанги тоҷик ҷаҳонист Наврӯз




Соли 2010 Наврӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин амали нек гувоҳи он аст, ки мардуми олам воқеан ба ин ҷашни фарҳангӣ ва башардӯстона эҳтиром доранд ва онро ба унвони таблиғгари сулҳ, ваҳдат, покӣ, зебоӣ, бахту саодат ва бедории табиат эҳтиром менамоянд.

Олмон

Дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI дар ҳар шаҳр Наврӯз дар байни гурӯҳҳои хурд ҷашн гирифта мешуд. Пас аз соли 2010 ҷашнгирии Наврӯз бештар шуда, дар чандин маркази илмию фарҳангии кишвари Олмон бо иштироки тоҷикон, эрониҳо, афғонҳо ва миллатҳои дигар бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар ин кишвар сол то сол густариш меёбад. Наврӯз ҳам дар маҳфилҳои гурӯҳӣ, ҳам дар хонаводаҳо ва дар толорҳои бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Солҳои охир дар Олмон барпо намудани намоиши дастовардҳои фарҳангӣ, анъанаҳои миллии наврӯзӣ, оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадаст зиёд шудааст, ки ин воситаи хубест барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам хубтару бештар шинос намудан тоҷикону Тоҷикистон.

Ҳоло дар Олмон Наврӯзро дар марказҳои эроншиносӣ, бахусус дар шаҳрҳои Берлин, Бонн, Ҳамбург, Ҳанновер, Гёттинген, Франкфурт ва ғайра бо иштироки намояндагони Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз ҷашн мегиранд.

Фаронса

Аз соли 2010 дар шаҳрҳои бузурги Фаронса Наврӯз бо ташаббуси сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва дастгирии диаспораи Шарқи Наздику Осиёи Марказӣ, донишҷӯён бошукӯҳ таҷлил мегардад. Солҳои 2010 ва 2011 дар донишгоҳҳо, тарабхонаҳо, хонаводаҳо дар доираи хурду бузург Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Дар Фаронса дар бораи ҷашни пайванди бедории муҳити зист, инсон ва табиат, шодиву сурур будани Наврӯз, таърих ва фалсафаи башардӯстонаи он аз тариқи воситаҳои ахбор мақолаҳо чоп шуданд. Таблиғоти мантиқӣ мардуми ноогоҳро огоҳ сохт, ки ин ҷашн воқеан барои пайванди дӯстӣ, сулҳ ва таҳаммулпазирии мардум бисёр созгор ва муносиб аст. Дар Фаронса ҳатто созмонҳое ташкил шуданд, ки номи «Наврӯз»-ро доранд.

25 марти 2012 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва ширкати диаспораи тоҷикон, ки дар Фаронса зиндагонӣ мекунанд, ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пояи манораи Эйфел барпо шуд. Баргузории ҷашн бахусус барои сайёҳони Эйфел, ки аз гӯшаву канори дунё омада буданд, хеле ҷолиб буд. Дар раванди ҷашн намояндагони Наврӯзи байналмилалӣ, ҳамчунин Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ҳозиринро бо таърихи тӯлонӣ ва суннатҳои наврӯзӣ ошно намуданд.

Белгия


Дар Шоҳигарии Белгия тайи чанд соли охир Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ бо намояндагони сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Яке аз чунин ҷашнҳои хотирмони Наврӯз 21 марти соли 2012 дар кохи ҳамоишҳои бошукӯҳ (РаІаІѕ де СоІопіеѕ) дар шаҳри Брюссели Белгия доир гардид. Дар он намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон дар Белгия иштирок доштанд.

Дар ин ҷашн такрор ба такрор ёдовар шуданд, ки Наврӯз дар ҷаҳон ягона ҷашнест, ки дар пайвандӣ бо инсон ва табиат баргузор мегардад. Он танҳо ҷашни фарҳангӣ буда, таблиғгари анъанаҳо ва оинҳои инсондӯстӣ, башардӯстӣ, сулҳпарарӣ, пайвандгарӣ, накукорӣ, ваҳдатсозӣ мебошад.

Ҳамин мушаххасоти Наврӯз будааст, ки дар тӯли чанд ҳазор сол мардумони кишварҳои гуногуни олам ба он дил бастанд ва онро ҷашн мегиранд.

Британияи Кабир

Дар гузашта ҷашни Наврӯз дар Британияи Кабир дар марказҳои ховаршиносӣ бо ташаббуси эрониён, афғонҳо ва курдҳо баргузор мешуд. Ҳоло, пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, дар Британияи Кабир Наврӯзро бо шукӯҳ ҷашн мегиранд.

Дар ин кишвар тоҷикон, эрониҳо, афғонҳо, курдҳо ва намояндагони миллатҳои турктабор дар баъзе шаҳрҳо дар якҷоягӣ ба истиқболи Наврӯз мераванд. Аз соли 2010 дар шаҳрҳо, донишгоҳҳо ва ҳатто баъзе хонаводаҳо пеш аз Наврӯз ва пас аз он чанд рӯз мардум шодмонӣ мекунанд. Ин шодмонӣ аз соли 2010 инҷониб зиёдтар шуд ва сол то сол равнақи бештар пайдо мекунад. Яке аз ҳамоишҳои хотирмони наврӯзӣ 21 марти соли 2015 дар тарабхонаи панҷситораи «Conrad London St. James»-и Британияи Кабир баргузор шуд.

Украина

Пас аз он, ки Наврӯз аз ҷониби СММ ҷашни байналмилалӣ эълон шуд, Украина низ дар қаламрави худ барои онро таҷлил намудан шароит муҳайё кард. Украинҳо Наврӯзро чун ҷашни ваҳдати миллатҳо, ҷашни дӯстиву сулҳ, ҷашни баҳору кишту кор якҷо бо намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз таҷлил менамоянд.

Пас аз соли 2010 Наврӯз ҳар сол дар Украина ҷашн гирифта мешавад. Яке аз чунин ҷашнҳои хотирмон 20 марти соли 2013 баргузор шуд.

Дар он сол сафоратҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон дар Украина Наврӯзро якҷо бо шукӯҳ ҷашн гирифтанд. Ин ҳамоиш дар яке аз толорҳои зебои шаҳри Киев баргузор шуд. Барои иштирокчиён консерти бошукӯҳ доир гардид. 

Дар он гурӯҳи ҳунарии кӯдаконаи «Наврӯз», ки дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Украина созмон дода шудааст, ҳунарнамоӣ кард. Барои меҳмонон филми мустанад дар бораи чӣ гуна ҷашн гифтани Наврӯз дар кишварҳои гуногуни олам намоиш дода шуд. Дар филм лаҳзаҳои ҷаззоби табиати Тоҷикистон ва ойинҳои Наврӯзии тоҷикон бинандагонро таҳти таъсир қарор дод.

Амрико

Дар асри ХХ дар ИМА Наврӯзро эрониён, намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва ховаршиносон таҷлил менамуданд. Дар бораи Наврӯз дар ИМА китобҳо ва мақолаҳои зиёд чоп шудаанд. Дар ИМА ҳар сол, ҳамин ки Наврӯз наздик шуд, тоҷикон, эрониён, афғонҳо ва ҳазорон мардуми дигар онро таҷлил менамоянд. Дар охири асри ХХ тоҷикон низ ба ИМА бисёр рафтанд. Соли 2010 барои тоҷикон Наврӯз на танҳо ҷашн буд, балки онҳо дар ИМА дар рӯзи Наврӯз «Анҷумани америкоӣ-тоҷикӣ»-ро созмон доданд.

Австралия

Дар ин кишвар Наврӯз ду гуна ҷашн гирифта мешавад: яке дар хонаводаи эрониён, ки онҳо ҳамаи оинҳои дар кишвари Эрон, аз ҷумла дар байни зардуштиён роиҷро иҷро менамоянд; дигаре дар шакли гурӯҳӣ дар тарабхонаҳо ва ё дар донишгоҳҳо. Ҳар сол дар шаҳри Сидней беш аз 500 нафар эронӣ дар тарабхонае ҷамъ омада, ба забони форсӣ ва англисӣ Наврӯзро ба ҳамдигар табрик мегӯянд.

Агар Наврӯз дар донишгоҳ таҷлил шавад, дар он ҷо ҳатман дар бораи таърихи Наврӯз, фалсафа ва мондагории он суханҳо гуфта мешавад ва зимнан дар гирди хони наврӯзӣ шодмонӣ мекунанд. Дар охири ҳамоишҳо филмҳо оид ба ҷашнгирии Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз намоиш дода мешаванд.

Шаҳодат ХОЛОВА ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода