Сано бодо ба занҳое, ки марданд...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 371
Таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии занон яке аз масъалаҳои меҳвариест, ки доимо зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар ин росто тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд.
Самара ва баракати Истиқлол аст, ки имрӯз зани тоҷик дар минбарҳои баланди байналмилалӣ аз комёбиву дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фарҳанги миллати соҳибтамаддуни тоҷик суханронӣ намуда, дар сохторҳои қудратӣ ба таври самаранок ва бо ифтихори баланди ватанпарастӣ фаъолият мекунад.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки занони тоҷик дар баробари дили бузург доштан, басо мушкилнописанданд. Дар тамоми давраҳои таърихӣ занони ҷасуру матиниродаи тоҷик дар баъзе ҳолатҳо мустақиман дар ҷангҳо ва баъзан дар ақибгоҳ иштирок намуда, сарзамини аҷдодиро ҳимоя намудаанд. Аз ҷумла, яке аз номдортарин зани низомӣ дар замони Ҳахоманишиён бону Ортамис буд, ки дар лашкаркашиҳои Ҳушёршоҳ ба Юнон бевосита ширкат кардааст. Ҳеродоти юнонӣ аз далерию шуҷоати занони форс ёдовар шуда, аз забони Ҳушёршоҳ нақл мекунад, ки: «Эй кош, мардони иронӣ ба андозаи Ортамис шуҷоат доштанд».
Дар даврони Сосониён низ зан дар баробари мард аз ҳуқуқҳо бархӯрдор буд. Дар таърихи миллӣ занонро дар симои шоҳони мамлакат ҳам вохӯрдан мумкин аст. Масалан, Бӯрондухт дар замони Сосониён ба ривояте, дар беш аз даҳ кишвари Осиёии имрӯз подшоҳӣ кардааст.
Дар садаи ҳафтуми милодӣ ду зан ба номҳои Озармидухт ва Бӯрондухт тавонистанд ба салтанати Сосонӣ бирасанд ва дар набард бо румиён теъдоди зиёди сарбозони зан дар артиши форсҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ин ҳузуру нуфузи занону бонувони миллатро дар ҳавзаҳои сиёсию ҳарбӣ-интизомӣ тасдиқ мекунад. Ба ин тартиб, Бӯрондухт ва Озармидухт – ҳамчун духтарони Хусрави Парвиз ба тахти подшоҳӣ расидаанд. Илова бар ин, Ҳумо, Данёк ва Ортамис аз ҷумлаи заноне буданд, ки дар ҷойгоҳи фармондеҳии сипоҳиён қарор дошта, гоҳе зимоми подшоҳиро бар даст гирифта буданд.
Зане бо номи Понтео дар замони Ҳахоманишиён фармондеҳии горди ҷовидонро бар уҳда дошт. Дар ин баробар Истотиро духтари Дориюши III-и Ҳахоманишӣ низ фармондеҳи неруҳои ҷангӣ буд. Ҳамсари Дориюши II-и ҳахоманишӣ Пари Сотис ҳам аз артиши он замон ба шумор мерафт. Шарқшиноси машҳури ғарб Артур Кристенсен ҳузури Озармидухт ва Бӯрондухтро дар маснади подшоҳии Сосонӣ ба пазириши онҳо аз сӯйи рӯҳониёну муъбадони дини маздоӣ марбут медонад.
Зани тоҷик дар замони шуравӣ дар миёни занони дигар давлатҳои бародар бо кору заҳмати шабонарӯзӣ ва меҳнатталабӣ соҳибэҳтиром буд. Махсусан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 32 ҳазор бонувони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Аз ин теъдод 350 нафар нишонзан, 1420 нафар автоматчӣ, 435 нафар хаткашон, 3750 нафар алоқачӣ, 4195 нафар тирандоз ва теъдоди зиёдашон ҳамшираи шафқат буданд.
Албатта, чунин занони фидокору қаҳрамон дар лаҳзаҳои барқарор кардани сохтори конститутсионӣ ва ҷодаи рушди босуботи фарҳангии миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ кам нестанд. Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлол обрӯ ва шарафи мамлакатро нигоҳ доштанд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли Гурдофаридҳо устувор истоданд ва дар таҳкими рукнҳои давлат, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Занони тоҷик, ки дар ҳамон давраҳои вазнин вазифаҳои асосӣ ва намояндагии халқро бар уҳда доштанд. Аз ҷумлаи Бозгул Додхудоева, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, Қимат Рустамова, Валентина Абдусамадова, Гулафзо Савриддинова ва Адолат Узоқова аз чеҳраҳои намоёни он солҳо ба шумор мерафтанд.
Бузурге фармудааст: «Агар мехоҳед андозаи тамаддун ва пешравии миллатро бидонед, ба занони он миллат нигаред».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузашти ҳамоишҳои ҳарбӣ дар қатори мардон хизматчиёни ҳарбӣ–занону бонувони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Ротаи фахрии занони Вазорати корҳои дохилӣ, Ротаи занони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ротаи занони Гвардияи миллӣ ва занону бонувон – донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҳарбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ғурур ва ифтихори ватандории худро бори дигар собит намуданд.
Маҳз дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумат аст, ки сол то сол теъдоди занону бонувон дар сохторҳои қудратӣ зиёд гардида, истодааст. Танҳо ба ин рақамҳо назар афканед, соли 2023 дар Суди Олӣ 249 нафар, Суди конститутсионӣ 9 нафар ба ҳайси судя ва ёрдамчии судяҳо, дар Прокуратураи генералӣ 72 нафар, Вазорати корҳои дохилӣ 1443 нафар, Вазорати мудофиа 519 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 842 нафар занон фаъолияти пурсамар дошта, дар умум 3 327 нафар занону бонувони матиниродаи тоҷик сарбаландона ба халқу Ватан хизмат намуда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ шуд. Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди “генерал-майори милитсия” Барно Саидвализода ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.
Ҳамзамон, дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 нафар бонувони таҷрибаандӯхта Саодатбибӣ Сироҷзода ва Мамлакат Раҳмонзода бо рутбаи баланди низомӣ, генерал-майори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Қаблан бо чунин рутбаи волои низомӣ занони диловар Саодат Амиршоева ва Раъно Каримова шарафёб гардида буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соҳае нест, ки занону бонувон дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Саҳм ва дастовардҳои занони шуҷои тоҷик дар ҳамаи соҳа аз ҷумла, хизмати ҳарбӣ бузургу шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат аст. Аслан, барои зан хизмат кардан дар сафи Артиш душворию махсусияти хешро дорад, вале новобаста аз ин, занону бонувони тоҷик давомдиҳандагони роҳи пуршарафу пурифтихори ниёгони гузаштаи миллат мебошанд, ки анъанаҳои ҳарбию ватандӯстии халқи тоҷикро сарбаландона дар оянда низ идома медиҳанд ва барои баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва иқтидори мудофиавии мамлакат бо қувваю неруи дучанд хизмат менамоянд.
Шаҳноза Нусратова,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00