ДАВЛАТАЛӢ САИД: "ТАМОМИ САЪЮ ТАЛОШИ ХУДРО БА ОБОДИИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН РАВОНА МЕСОЗЕМ"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 409
Имрӯз, 24 феврал, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.
Раиси вилоят дар ибтидо қайд намуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон ҳамеша таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва мо вазифадорем, ки барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандон чораҷӯӣ намоем.
Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба таъмини оби нӯшокӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, ташкил намудани гармхона тавассути лоиҳа бо истифода аз гранти раиси вилоят барои соҳибкорзанон, расонидани кӯмак ва таъмини аробачаи маъюбӣ барои маъюбон ва оилаҳои онҳо, иваз намудани симчӯбҳои барқ, ташкили соҳибкории хурд ва ғайра дархости мусоидати раиси вилоятро карданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки масъулин ва раисони ҷамоатҳо хона ба хона гашта, аз вазъи зиндагии мардум огоҳ шаванд ва рӯйхати оилаҳои камбизоатро таҳия намоянд, то ки аз Фонди эҳсонкорӣ, ки вилоят таъсис додааст, ба онҳо кӯмак расонида шавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо масъулин ва роҳбарони идораҳои шаҳрӣ оид ба ободу зебо гардонидани шаҳри Левакант, шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо, тарбияи ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мулоқот намуд.
Таъкид шуд, ки тибқи ҳидояти Сарвари давлат, дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ, мо бояд беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем ва тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...