БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ ВАРЗИШГОҲИ “ПАХТАКОР”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 375
Имрӯз, 1 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дидан кард.
Раиси вилоят бо нақшаи иншоот шинос гардида, таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд дар фурсати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад.
Дар доираи “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022-2026”, ки аз 3 декабри соли 2021, №516, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар пурра таъмиру азнавсозӣ мегардад.
Варзишгоҳи “Пахтакор” аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят ва шаҳр бо маблағи 6 миллион сомонӣ бозсозӣ хоҳад шуд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар дохили варзишгоҳ бомаром идома дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ бо усули муосири меъморӣ дар назар аст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...