«Шоҳнома» – қомуси фарҳангу шиносномаи миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 351
Дар арсаи байналмилалӣ ҳар як халқу миллатро аз фарҳанг ва тамаддуни бузургаш мешиносанду қадр менамоянд. Бисёре аз бузургон дар саҳифаҳои таърих мавқеъ гирифтаанд. Яке аз онҳо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки бо асари безаволи худ - “Шоҳнома” машҳури олам гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчӣ бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад.
Асари «Шоҳнома» ба даҳҳо забони олам тарҷума шуда, перомуни он садҳо асарҳои илмӣ ва фарҳангиву донишномаҳо иншо гардидаанд. Дар марказҳои илмии ховаршиносии ҷаҳон ин асар аз паҳлуҳои мухталиф омӯхта шуда, ҳамчун шоҳасари нотакрор эътироф шудааст. Оид ба арзиши ахлоқиву тарбиявии «Шоҳнома» муҳаққиқон фикру назари гуногунро баён намуда, дар тарбияи инсон афкору андеша ва пешниҳодҳои Фирдавсиро пурарзиш қаламдод кардаанд. Муҳаққиқи номвари тоҷик Абдулманнони Насриддин дар мақолаи худ менависад: «Шоҳнома» танҳо баёнгари таърихи шоҳони пешдодию каёнӣ, ашконию сосонӣ ва хонадонҳои дигари мулки Аҷам нест. «Шоҳнома» донишномаи ҳикмату ахлоқ, базму рамз, фарҳангу тамаддун, расму оин, асотиру таърих ва анвои илму ҳунар мебошад…».
Масъалаи ахлоқ ва тарбияи инсон дар меҳвари шоҳасари Фирдавсӣ қарор дорад. Ҳар саҳифаи он пандомез аст, ки «Шоҳнома»-ро ҳамчун асари аҳлоқӣ, ганҷинаи бебаҳои хирад, дастури фазилату дониш муаррифӣ мекунанд.
Некиву накукорӣ, ба ақидаи шоир, аз беҳтарин хулқу атвори инсонӣ ба шумор меравад:
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Фирдавсӣ чунин андеша дорад, ки ҳар як амалро бо подоши мувофиқ қадр бояд кард:
Чу некӣ кунад кас, ту подош кун,
В-агар бад кунад, низ пархош кун.
Васфу ситоиши хирад, илму дониш дар «Шоҳнома» дар ҷойи аввал меистад. Фирдавсӣ асари бузурги худро бо ситоиши хирад шуруъ намудааст. Донишу хирад ҳамчун чароғи раҳнамои ҳаёти инсонӣ одамонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ин ақлу хирад ва дониш ба шумор меравад. Тавоноии ҳар як инсон, обрӯ ва эътибори ӯ маҳз ба илму дониши ӯ вобастагии қавӣ дорад:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Хирадро аз тамоми фазилатҳои инсонӣ беҳтару болотар мешуморад:
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Ба ақидаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ некиву накукорӣ яке аз хислатҳои наҷиби неки инсонӣ ба шумор меравад. Ӯ ба аҳли башар тавсия медиҳад, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва ба якдигар танҳо некӣ кунанд. Зеро амали неки ҳар як шахс ҷовидонӣ аст:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори тамоми тоҷикони рӯйи олам буда, ба ҳар оила дастрас гардидани ин асари бузург - «Шоҳнома»-дар рӯзгори мо ва тарбияи насли имрӯза, бахусус ҷавонон аҳамияти бузурги таърихӣ ва нақши босазо мегузорад.
Абдураҳмон АВЕЗОВ,
омӯзгор аз шаҳри Исфара
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...