ТИМИ МИЛЛӢ. Аз аввалин иштирок то таърихсозӣ дар Ҷоми Оиё
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 304
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт ва таърихи нави футболи кишварро дар ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ сабт намуд. Маҳз ҳамин таърихсозии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон буд, ки таваҷҷуҳи ҷиддии коршиносони касбӣ, мутахассисони соҳа, журналистони расонаҳои варзишии минтақаву ҷаҳон, мураббиёни сатҳи гуногун нисбат ба футболи тоҷик ва бозигарони он гардид.
- Бозиҳои нахустини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муваффақияти бу-зург аст. Дар гурӯҳ аз дастаи мунтахаби Чин болотар ҷой гирифтан кори саҳл нест. Дар айни замон дастаи мунтахаби Тоҷикистон вазифаи аввалини худ - нишон додани бозии сазоворро аллакай иҷро намуд. Бозингарон бо муҳити паҳновари мусобиқоти бузурги минтақавӣ шинос шуданд, онро аз худ намуданд ва таҷрибаи хуб гирифтанд, - гуфтааст собиқ сармураббии дастаи футболи «Помир»-и Душан-бе Юрий Сёмин ба нашрияи «Фарғона».
Коршиносони соҳаи футбол бар он наза-ранд, ки кам нафарон чунин ҳунарнамоии да-леронаву таърихсозии миллипӯшони моро дар нахустин иштирокамон дар Ҷоми Осиё интизор буданд. Аммо дастаи мо бори дигар нишон дод, ки агар низому тартиб бошад, натиҷаи дилхоҳ ба даст меояд. Тими миллии кишвар то расидан ба ин марҳила як бохт, як мусовӣ ва ду пирӯзӣ ба даст
овард.
- Таърихсозии мунтахаби мо дар яке аз бузургтарин мусобиқоти осиёӣ ҳанӯз ҳам идома дорад ва бо чашмони худ ин ҳангомаву ҳашамати футболи тоҷикро шоҳид гардида истодаам, - гуфт зимни суҳбат ба рӯзномаи “Хатлон” Ғайраталӣ Мираҳмадов, директори КФ “Равшан”-и Кӯлоб. - Афсона ба ҳақиқат мубаддал гардида истодааст.
Дар қатори дигар ҳамватанон бори аввал шаҳди чунин пирӯзиро чашида истодаам. Хеле гуворо ва роҳатбахш аст, вақте ки дастаи мунтахаб ба чунин комёбӣ шарафёб мешавад.
АЗ ВОХӮРӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТО РОҲ ЁФТАН БА ПЛЕЙ-ОФФ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар бо футболбозони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол мулоқот карданд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон футболбозонро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳидоят карданд. Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳар чӣ бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва бо дастовардҳои арзанда парчами кишварро дар арсаи олам баланд бардоранд. Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ орзу карданд.
Собиқ сармураббии дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Локомотив»-и шаҳри Москва Юрий Сёмин дар робита ба бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2023 чунин гуфтааст, «Яке аз омилҳое, ки ба бозингарон таъсири нек медиҳад, ин дастги-рии Ҳукумати мамлакат ва шахсан Президен-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад».
“Ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи муҳим - қабл аз бозӣ бо дас-таи Лубнон бозингаронро руҳбаланд намуд, ба онҳо неруву талоши бештар бахшид. Ин низ кори кам нест”, - гуфтааст Сёмин.
Собиқ сармураббии дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Игор Черевченко, ки дар мусоҳиба бо сомонаи маъруфи «Спорт Экс-пресс» чунин баён доштааст: «Онҳо ғалабаи ҳаққонӣ ба даст оварданд, бояд дар вақти асосӣ пурра бозиро бо ғалаба ҷамъбаст менамуданд. Барои тамоми мардуми Тоҷикистон ин иди бузург аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аллакай ба қатори 8 дастаи беҳтарини футболи Осиё дохил гардид. Ин ифтихори бузург аст».
ДУРАХШИ БОЗИНГАРОНИ ТИМИ МИЛЛӢ
Натиҷаи тими мо дар Ҷоми Осиё худ бозгӯи малакаву маҳорати баланди ин бозингарон аст. Мутмаинем, ки баъд аз анҷоми мусобиқа дастаҳои зиёде аз лигаҳои машҳури Осиёву Аврупо барои харидории ин бозингарон дари дастаҳои моро хоҳанд куфт.
Ба қавли коршиноси футбол Баҳром Хоҷаев, дурахши бозингарони мо дар ин мусобиқа хуб аст, воқеан ҳамаи футболбозони ҳайати аввалияи даста ва он нафароне, ки аз захира ба майдон омаданд, тавонистанд худро ба таври арзанда нишон диҳанд.
- Ҷило ва дурахши баъзе аз футболбозон, ки мо бе шакку шубҳа аз онҳо чунин ҳашамати футболро интизор будем, баръало ба чашм расида истодааст, - таъкид дошт Ғайраталӣ Мираҳмадов. - Дарвозаи мо қавӣ аст, Рустами достон онро ҳимоя мекунад. Ваҳдат ва Зоир Ҷӯрабоев устуворона хати дифоъро нигоҳ доштанд. Аҳтам Назаров ба ҳайси пуртаҷрибатарин футболбоз дар бозии 1/8-ниҳоӣ роҳи голзаниро дар силсилазарбаҳои пеналтӣ боз кард ва пеш аз ин 140 дақиқа қаҳрамонона майдондорӣ намуд. Баробари аз майдон баромадани Алишер Ҷалилов ва Парвизҷон Умарбоев мо дидем, ки чи гуна онҳо дар маркази майдон заҳмати зиёд кашида истода буданд. Нуриддин Ҳамроқулов, ки дастпарвари мактаби футболии дӯстдоштаи ман “Вахш”-и Бохтар мебошад, ҷилои дигар бахшид. Хуллас, ҳар яки онҳо қиммати худро барои клубҳо ва барои маҳорати касбиашон боло бурданд, ки ҳаққу ҳалолашон бод.
Ҳатто ба андешаи футболбози машҳури тоҷик, ҳамлагари маъруфи дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе, «Локомотив» ва «Спартак»-и Москва, собиқ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Муҳсин Муҳаммадиев, дарвозабони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов бо маҳорати олияш метавонад яке аз бозингарони асосӣ дар дастаи футболи «Зенит»-и шаҳри Санкт-Петербург бошад.
- Ҳунару маҳорати ҳамаи бозингарон боиси ситоиш аст. Якеро аз дигаре дар тафовут гузоштан номумкин аст. Вале ба ҳунари дарвозабон Рустам Ятимов эҳтиром қоил бошем, - афзуд Акбар Абдусамадов, котиби матбуотии дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор.
САРХАТИ СОМОНАҲОИ ВАРЗИШИИ ҶАҲОН
Агентии “Рейтер” таҳти сарлавҳаи «Тоҷикистон аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт» аз ғалабаи дастаи мунтахаби давлати мо хабар дода, навиштааст, ки дар таърихи Ҷом Тоҷикистон пас аз Австралия (соли 2007) дуюмин навомад (дебютант) аст, ки ба даври ¼-ниҳоӣ баромад.
«Тоҷикистон ҳамчун навомади Ҷоми Осиё дар роҳи расидан ба орзуяш то чӣ андоза пеш меравад?», — навиштааст Шабакаи байнал-милалии варзишии амрикоии «ESPN». «Ҳатто бо он ки бори аввал Тоҷикистон дар майдони бузургтарини футболи Осиё ҳунарнамоӣ менамояд, аз чизе ҳарос надорад, — омадааст дар хабар. — Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё то куҷо ба муваффақият ноил мешавад, вақт нишон хоҳад дод, аммо набояд дар тааҷҷуб буд, агар онҳо воқеан бовар доранд, ки метавонанд тамоми роҳро тай намоянд».
Шабакаи телевизионии байналмилалии Фа-ронса «France24» бо инъикоси пирӯзии дастаи мунтахаби мамлакати мо навиштааст, ки баъд аз роҳ ёфтан ба даври 1/8-ниҳоӣ барои Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 маҳдудият вуҷуд надорад. Калонтарин рӯзномаи Миср «Ahram Online» навиштааст, ки Тоҷикистон бо ҳамроҳ шудан ба Австралия дар ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 таърих менависад.
КОРШИНОСОН ЧӢ МЕГУЯНД?
Рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа маълум шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Урдун бозӣ анҷом медиҳад. Вохӯрии дастаҳо рӯзи 2 феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор мешавад.
- Агар ҳамин ангезишу низому тартиб дар тим побарҷо бимонад, мо дилхоҳ дастаро метавонем аз сари роҳи худ дур кунем. Умедворам, ки то бозии даври чаҳорякумниҳоӣ ҳама бозигарони мо сиҳату саломат бимонанд, - иброз дошт Баҳром Хоҷаев.
Ба андешаи Ғайраталӣ Мираҳмадов, аввал интизориҳо буд, аммо минбаъд талабот мешавад, зеро бачаҳои мо нишон доданд, ки неру ва қудрати беҳамто доранд. Натиҷаҳои хубтару беҳтарро онҳо метавонанд, ки минбаъд низ ба мо нишон диҳанд.
- Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон ба даври минбаъда низ роҳ меёбад. Аз бозии гузашта маълум буд, ки дар баъзе ҳолатҳо тими Тоҷикистон хеле хуб ва ҳатто аз рақиб беҳтар бозӣ кард. Умед дорам, ки дастаи мунтахаби Тоҷикстон то даври нимниҳоии мусобиқоти Осиё роҳхат мегирад, - мегӯяд Игор Черевченко.
ОХИРСУХАН
Бояд ёдовар шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар соҳаи футболи тоҷик тағйироту дигаргуниҳои ҷиддӣ ворид намуд. Маҳз дар замони роҳбарии ӯ фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ранги тоза гирифта, муносибатҳои байналмилалӣ бо федератсияҳои мухталифи ҷаҳон ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон, рейтинги футболи меҳан дар замони роҳбарии Рустами Эмомалӣ боло бардошта шуд. Яъне дар таърихи соҳибистиқлолӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии маҷозӣ ё онлайнии FIFA бо 1206,94 имтиёз ҳафт зина боло рафта, бори аввал дар ҷойгоҳи 99-ум қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармони президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд. Илова бар ин, президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллӣ дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ба яккачини Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуд.
Дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун (2 феврал) дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мун-тахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ба даст хоҳад овард.
фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00