ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК- ТАЪРИХ СОХТАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 333
Дар доираи сиёсати ғамхоронаву варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 30.01.2024 бо ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар фазои сулҳу оромии Тоҷикистони азизамон истиқбол аз пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомад ва роҳпаймои баргузор гардид.
Нахуст, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни баромади худ, таъкид доштанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мову Шумо зери сиёсати созандаву бунёдкорона ва сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол кору фаъолият ва зиндагии шоиста дорем.
Имрӯз Тоҷикистони азизамон боз як рӯйдоди таърихии миллатро ва истиқбол аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ғолибиятро ба даст оварданд таҷлил менамоянд ва дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Дар бозии таърихии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Аморати Мутаҳидаи Араб дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё 2023, ки 28 январ дар шаҳри давҳаи Қатар баргузор гардида буд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо задани силсилазарбаҳои пеналтӣ бар дастаи ҳариф дастболо гардид.
Дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳнамоии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, малакаву маҳорат ва омодагии футболбозон, ҷаҳду талоши гурӯҳи мураббиёну сарпарастон ва дуои беохири модарони тоҷик боис шуд, то ба даври ¼ ниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон роҳхат ёбад.
Сипас, бо иштироки роҳбарияти Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намондагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун роҳпаймоии осоишта доир гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки 2 феврали соли 2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Урдун бозӣ хоҳад кард, дар ин бозӣба дастаи мунтахаби кишвар барору муваффақиятҳои беназиро таманно дорем ва боварӣ дорем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ низ дастболо хоҳад шуд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...