Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО МУҲАММАД РИЗО ЗОРЕӢ


МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО МУҲАММАД РИЗО ЗОРЕӢ




Имрӯз, 29 январ, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Муҳаммад Ризо Зореӣ, раиси ҳайати мудирони ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти пешрафтаи кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишварҳои дӯсту ҳамфарҳангу ҳамзабон, ки решаҳои ногусастании таърихӣ доранд, муносиботи тарафайнро дар чорчӯби сиёсати пешгирифта ва назари неки сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ батадриҷ тавсеа дода, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор пайваста чораҷӯӣ менамоянд.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконотро баҳри тавсиа ва таъмини ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо минтақаҳои Эрон сафарбар менамояд, - афзуд Давлаталӣ Саид.



Гуфта шуд, ки дар самти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи эронӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон ҳамкориҳо зич ба роҳ монда, ҷиҳати рушт бахшидани самти шоликорӣ тадбирҳои хуберо рӯи кор биёрем.

Муҳаммад Ризо Зореӣ иброз доштанд, ки мо омодаем дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои шоликӯбӣ, табодули таҷриба ҷиҳати серҳосил кардани заминҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонем.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода