ВАКИЛОН БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ШИНОС ШУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 332
Гурӯҳи кории Мақлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолон ва сокинони ноҳия вохӯриҳо доир намуданд.
Нахсути вохӯрии гурӯҳи кор бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод доир шуд. Дар вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, Шодиён Муҳаммад Султонзода, Сарвиноз Маҷидзода ва Тағойзода Сумангул Саид ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул зимни суханронии худ, қайд намуд, ки Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд.
Шодиён Муҳаммад Султонзода дар суханронии худ иброз дошт, ки Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим, рушди илм, махсусан, илмҳои табиӣ дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳоро роҳандозӣ намуданд. Вазъи иҷтимоии аҳолӣ-нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ зиёд гардида, ҳамаи ин дастгириҳо аз он далолат медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Сарвари давлат, сиёсати халқпарварона буда, ба мардуми оддӣ ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳварона Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳлили Паёми имсола ҳамчун дастури созанда нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Вохурии вакилон дар ноҳия бо аҳли ҷамоатчигӣ идома дошта, тибқи нақшаи тасдиқгардида баргузор мегарданд.
Пас аз мулоқот, гурӯҳи кории вакилон аз рафти корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 2 ва 5-и ноҳияи Кӯшониён боздид намуда, бо масъулин суҳбат намуданд. Зимни суҳбат давъат карда шуд, ки ба сифати корҳо ва маҳсулот диққати аввалиндараҷа дода шавад.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...