Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АВТОБУСҲО БА ХАТСАЙРИ НАВ БАРОМАДАНД


АВТОБУСҲО БА ХАТСАЙРИ НАВ БАРОМАДАНД




Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби КВД “Бохтарнақлиёқхизматрасон” хатсайри нави автобусҳо аз бозори “Фаровон” – маҳаллаи Кайҳоннавардон” (то гардиши маҳаллаи “Хатлон”) ташкил карда шуд. Дар ин бораТоҷиддин Сафаров директори корхонаи мазкур ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ дод.

-Дар ҳақиқат, чанд рӯз пеш, хатсайри автобусҳои бозори “Фаровон” – “Кайҳоннавардон” ташкил шуд. Автобусҳо аз бозори мазкур тавассути маҳаллаҳои Ҷалолддини Балхӣ ва Кайҳоннавардон то гардиши маҳаллаи “Хатлон” ҳаракат мекунанд,-гуфт манбаъ. 

Ҳоло дар хатсайри мазкур ду автобус мувофиқи ҷадвал тасдиқ гардида, фаъолият доранд. Аз хизматрасониҳои ин хатсайр меҳмонон ва сокинони маҳаллаҳои Кайҳоннвардон, Ҳоҷӣ Шариф, Ҷалолиддини Балхӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, Борбад, Навобод ва қисман Хатлон метавонанд истифода баранд. 

Ба иттилои Т. Сафаров корхонаи мазкур ният дорад, пас аз бартараф намудани камбудиҳо дар роҳҳо ва таъмин намудани бехатарӣ дар ояндаи наздик хатсайрҳои дохилишаҳрии бозори “Фаровон”-гариши Шаҳло-маҳаллаи Маданият, бозори “Фаровон” – маҳаллаи Хатлон” ва хатсайри беруназ шаҳрии Бохтар-Левакантро ташкил намоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода