Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУОВИНОНИ НАВТАЪИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУАРРИФӢ ШУДАНД


МУОВИНОНИ НАВТАЪИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУАРРИФӢ ШУДАНД




Имрӯз, 30 январ, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъиноти кадрӣ баррасӣ шуд. 

Нахуст, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аҳли толорро бо ғалабаи таърихии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Аморати Муттаҳидаи Араб дар марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё табрик намуданд. 


Сипас, Фаррух Убайдуллозода, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилоят қарорҳои раиси вилоятро хонд. 

Бо қарори раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2024 Мирзозода Музаффар Бурҳон ба вазифаи муовини якуми раис, Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ба вазифаи муовини раис, Абдусаломзода Анзурат Абдусалом ба вазифаи муовини раиси вилоят таъин гардиданд. 



Раиси вилоят муовинони навтаъинро ба ин вазифаи ниҳоят пурмасъул табрик намуда, таъкид карданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат талош намоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода