Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 34 МУАССИСАИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД


34 МУАССИСАИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД



Зимни нишасти хабарӣ, имрӯз, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ш. Шарифзода  иттилоъ дод, ки соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон таъмири 148 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, 134 адади он ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, корҳои таъмир ва азнавсозӣ дар 14 муассисаи тандурустӣ бомаром идома дорад.

Тибқи иттилоъ, бо мақсади дастгирии кормандони соҳаи тиб дар соли 2023 аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо барои дастгирӣ дар Кӯшониён 2 га замин,  Ҷ. Балхӣ барои 6 нафар, Дӯстӣ 5 нафар, Хуросон 8 нафар, А. Ҷомӣ 3 нафар, Норак 1 нафар, Муъминобод 7 нафар заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ҷудо шуданд.

-Ба ҳолати моҳи январи соли 2024 дар дар соҳаи тандурустии вилоят 4200 табиб ва 21527 корманди миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон воҳидҳои кории холии табибон зиёда аз 700 ададро ташкил медиҳад, гуфт Ш. Шариифзода.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода