Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ БО ТАРҲИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БАРОИ 20 000 ҶОИ НИШАСТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ


БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ БО ТАРҲИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БАРОИ 20 000 ҶОИ НИШАСТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ



4-уми январ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сотхмони варзишгоҳи бо тарҳи наву замонавӣ барои 20 000 дар ноҳияи Восеъ дидан намуданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад, ки пудратчии сохтмонро ҶДММ “Ниагара” ба ӯҳда дорад. Майдони варзишӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда истодааст.

Ин варзишгоҳ баҳри ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, барои таъмин намудани аҳолӣ бо варзишгоҳи замонавӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани саломати аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст. 

Ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода