Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ХУРДИ ИСТЕҲСОЛИ МЕБЕЛ


ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ХУРДИ ИСТЕҲСОЛИ МЕБЕЛ



Имрӯз, 4 январ, дар ноҳияи Восеъ дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба таҷлили бошукуҳи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид коргоҳи хурди истеҳсоли мебел мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои коргоҳи хурди истеҳсоли мебел воқеъ дар кӯчаи ба номи С.Кабир, Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук буда бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкори ватани Орифов Шаҳбоз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо маблағи 575 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Бинои коргоҳи хурди истеҳсоли мебел воқеъ дар кӯчаи ба номи С.Кабир, Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук буда дорои 6 ҷои корӣ мебошад.
 Бо бунёд гардидани коргоҳи хурди истеҳсоли мебел зиёда аз 6 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва шароити хуби корӣ таъмин гардидаанд.

Коргоҳ мебелҳои гуногун аз қабили мизу курсӣ, ҷевонҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ, мебелҳои гуногуни кандакоришуда бо дархости мизоҷон истеҳсол менамояд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода