Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ВА ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ВАРЗИШИИ ЗАМОНАВӢ


ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ВА ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ВАРЗИШИИ ЗАМОНАВӢ



Санаи 4-уми январи соли 2024 Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид дар деҳаи Селбур, Ҷамоати деҳоти ба номи Мирали Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ майдони варзишии замонавиро баъди азнавсозӣ кушода мавриди истифодаи умум қарор доданд.

Майдони варзишии замонавӣ дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкорон ва хоҷагии деҳконии “Миросор” бо маблағӣ 1 150 000 сомонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Бо бунёд гардидани майдончаи варзишии замонавӣ дар маҷмӯъ 3 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Гирду атрофи иншооти мазкур бо насби чароғҳои замонавӣ равшаннамоӣ карда шуда бо гулу гулбуттаҳо ва ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ оро дода шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода