Давлаталӣ Саид: “Вазифаи муҳимтарини вакилони мардумӣ саъю кӯшиш барои ҳифзи ваҳдати миллӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар маҳалҳо мебошад”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Маориф ва илм / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 382
25 декабр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (даъвати шашум) баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси вакилони халқ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, вакилонро бо рӯзномаи он шинос кард. Қабл аз муҳокимаи масъалаҳо ба гиромидошти хотири ходими намоёни давлатӣ, собиқ раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев, ки чанде пеш дар синни 77-солагӣ даргузашт, дақиқаи хомӯшӣ эълон карда шуд.
Аз рӯйи масъалаи якуми иҷлосия ҳисоботи раиси вилояти Хатлон вобаста ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли 2023 шунида шуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид соли 2023-ро барои мардуми вилояти Хатлон дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ҳамчун соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки давоми 11 моҳи соли 2023 дар вилоят барои таъмини рушди устувор, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти вилоят, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, истифодаи пурсамари иқтидорҳои мавҷуда, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, рушди комплекси агросаноатӣ, коммуникатсия, хизматрасонии коммуналӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, вусъатбахшӣ ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, ки аз рӯйи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ба таҷлили ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ҳамчун самтҳои афзалиятдори фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дода шуданд.
Дар 11 моҳи соли 2023 нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар вилоят ба андозаи 104,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 2 миллиарду 163,2 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 84,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 103% таъмин шуда, ба буҷет 2 миллиарду 696 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Аз рӯйи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ нақша 104,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1 миллиарду 820 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбати нишондиҳандаҳои пешбинигардида 79,1 миллион сомонӣ зиёд аст.
Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ пурра маблағгузорӣ гардида, қарзи музди меҳнат дар давраи ҳисоботӣ вуҷуд надорад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба Сарраёсати молия, Раёсати андоз, шуъбаи андозсупорандагони калон дар вилоят ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дод, ки бо мақсади тақвият бахшидани заминаи андозбандӣ, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, таъмини босифат ва барзиёди нақшаи маҷмуи андозҳо ва қисми даромади буҷет, васеъ кардани сарчашмаҳои молиявӣ, пешгирии афзоиш ва кам кардани бақияпулиҳои андоз, роҳ надодан ба пайдошавии қарзи музди меҳнат тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Дар идома зикр ёфт, ки давоми соли 2023 ҳаҷми гардиши мол дар тамоми соҳаи савдо ба 12,9 миллиард сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2,3 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки мутаносибан назар ба ҳамин давраи соли гузашта 29 ва 10,5 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат баҳри дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна аҳамияти махус медиҳад, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Дар маҷмуъ, шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ дар вилоят, тибқи нишондоди феҳристи ягонаи давлатӣ, ба 110993 адад расид, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2022-юм 2618 адад афзудааст.
Дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Данғара, Панҷ ва Кӯлоб ҷамъан 54 субъект ба қайд гирифта шуда, дар 11 моҳи соли 2023 аз ҷониби субъектҳои мазкур ба маблағи зиёда аз 97 миллиону 585 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, 453 сокини вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Корҳо дар самти ҷалби сармоя ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият меёбанд.
Аз ҳисоби сармояи дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 794 биною иншоот, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ва дигар корҳои бунёдкорӣ ба маблағи 261,8 миллион сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардида, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 57,6 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст. Аз ин рақам 51,5 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Айни замон, дар вилояти Хатлон 45 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 957 миллион доллар маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ирригатсия обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулода ва сайёҳӣ равона гардидааст. Татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталиф идома меёбанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 11 моҳи соли 2023 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 3 миллиарду 576,6 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 33,3 фоиз ё ин ки 893,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Раиси вилоят қайд намуд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 аз 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 млрд. сомонӣ иборат мебошад. Тибқи натиҷаи мониторинги иҷро, то имрӯз 140 лоиҳа ба маблағи 3 миллиарду 890,5 миллион сомонӣ иҷро шудааст. Дар 91 лоиҳа корҳо идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ, кишоварзони вилоят бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии вилоят ба ғизои хушсифат фаъолияти худро дар самти самараноку оқилона истифода бурдани замин бо истифода аз тухмиҳои серҳосил, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва партов, бунёд намудани боғу токзорҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, ва маҳсулнокии чорво як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Дар 11 моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 32,3 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 434315 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд. Дурнамои кишти ғалладонагиҳо 114 фоиз, полезӣ 111 фоиз, зироатҳои техникӣ 100 фоиз, аз ҷумла пахта 100 фоиз, зироатҳои хӯроки чорво 156 фоиз ва сабзавот 103 фоиз таъмин гардид.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ дар давраи ҳисоботӣ 1 миллион 23 ҳазору 423 тонна ғалладонагиҳо, 287920 тонна пахта, 217137 тонна картошка, 1 миллион 702 ҳазору 479 тонна сабзавот, 719646 тонна полезиҳо, 266983 тонна мевагиҳо, 86179 тонна ангур, 737681 тонна хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока ва 28,9 миллион бех ниҳолу кӯчати сабзавотҳо ва гулҳои ороишӣ истеҳсол шуд.
Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, тибқи маълумотҳои фаврӣ, ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби хоҷагиҳои пахтакори вилоят 287920 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки баробари 100 фоизи дурнамои истеҳсол мебошад.
- Қайд кардан лозим аст, ки пахтакорони шаҳри Левакант, Бохтар, ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Хуросон ва Данғара яке аз аввалинҳо шуда дурнамои истеҳсоли пахтаро таъмин намуданд, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Миннатдории самимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро ба роҳбарият, масъулини сохторҳои дахлдор ва ба хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои номбурда мерасонам.
Қайд гардид, ки бо мақсади ободу зебо гардонидан ва таъмини нақшаи кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят соли равон ба миқдори 809,4 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун, аз он ҷумла, 403,3 ҳазор бех сояафкан, 214,9 ҳазор бех ҳамешасабз, 191,2 ҳазор бех ороишӣ ба миқдори 8189,5 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо, аз ҷумла 1222,3 ҳазор бех лола, 1181,6 ҳазор бех садбарг, 5785,5 ҳазор бех дигар гулҳо шинонида шуданд. Дар шоҳроҳҳои ҳудуди вилоят 59,3 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ, ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Раиси вилоят аз вакилони халқ, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои вилоятӣ ва сокинони меҳнатқарини вилояти Хатлон даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободонӣ, сарсабзу хуррам гардонидани гирду атроф ва маҳал, оғози маъракаи васеи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок карда, дар ободу зебо кардани симои шаҳру ноҳияҳои вилоят саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон раиси вилоят ДАвлаталӣ Саид роҳбарони сохторҳои соҳа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ, захираи тухмиҳои хушсифат, амалӣ кардани корҳои агротехникӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳосилнокии он, рушди соҳаи чорводорӣ, тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо оби полезӣ ва ҷамъоварию пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ чораҳои судманд андешанд.
Дар идома вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат сухан гуфта, раиси вилоят зикр намуд, ки саноатчиёни вилоят якҷо бо бахши хусусӣ дар ҳаҷми 10,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 931,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 115 адад коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуданд. Танҳо бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Роҳбари давлат соли 2023 дар шаҳри Левакант баистифодадиҳӣ ва барқарорсозии корхонаи ҶСК “Азот” барои истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва дар ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон корхонаҳои нави истеҳсолии гаҷкардон, ҷӯроббарорӣ, коркарди пахта ба кор даромада, дар заминаи корхонаҳои мавҷудаи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ховалинг, Восеъ ва Муъминобод корхона ва коргоҳҳои забҳи парранда, ҳасиббарорӣ, коркарди мева ва қаннодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин замина зиёда аз 2000 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Ҳамин тавр, шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар вилоят ба 822 адад расид. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли 142 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла, истеҳсоли гӯшт ва каллапоча, ҳасибу ҳасибчаҳои гӯштӣ, маҳсулоти шири холис, равғани растанӣ, истеҳсоли консерва, коркарди намаки ошӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти макаронӣ, обҳои ташнагишикан, матои адрас, маҳсулоти дӯзандагӣ, матои трикотажӣ, истеҳсоли бензин, истеҳсоли симтӯр, неруи барқ мутаносибан дар сатҳи 2,1 банди фоизӣ то 3,8 баробар зиёд мебошад.
Соли равон дар вилоят 2 миллиарду 761,1 миллион кВт/соат неруи барқи фоиданок ба маблағи умумии 835,3 миллион сомонӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, аз ҷумла ба аҳолӣ 298,6 миллион сомонӣ дастрас шуд.
- Дар баробари корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи саноат ва энергетика мушкилиҳои ҳалталаб низ ҷой доранд, ки аз масъулини соҳаҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои бетаъхир ва таъсирбахшро тақозо менамояд, - таъкид намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Дар доираи андешидани тадбирҳои нақшавӣ ба роҳбарони сохторҳои соҳаи саноат, мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои доимии корӣ, азнавсозӣ ва таҷҳизонидани корхонаҳо бо технологияи муосир, бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ ва аз фаъолият бозмонда, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҷамъоварии пурраи маблағи истифодаи неруи барқ ва пешгирии талафоти он чораҳои заруриро амалӣ гардонанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди вилоят роҳҳои автомобилгард мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор доранд. Айни ҳол Лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар, аз ҷумла дар қитъаҳои Данғара-Лолазор, Бохтар-Левакант ва Левакант-Лолазор дар се қисмат амалӣ мешаванд.
Раиси вилоят афзуд, ки дар соли 2024 таҷдиду азнавсозии роҳҳои Данғара-Гулистон, Гулистон-Кӯлоб ва Гулистон-Фархор пешбинӣ гардидааст.
Дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 170,4 миллион сомонӣ дар 2652,5 км роҳҳо корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида шуданд. Саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ дар ин раванд хеле назаррас арзёбӣ мешавад.
Ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 6260 иншооти гуногуни истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Давоми ду соли охир тибқи нақша, дар вилоят корҳои сохтмонӣ дар 2112 бинову иншоот пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Соли 2023 бунёд ва сохтмони 1367 бинову иншоот пешбинӣ шуда, то 1 декабри соли равон корҳо дар 1188 иншооти ҷашнӣ ба итмом расидаанд.
Давоми солҳои 2022-2023 дар маҷмуъ 159 иншооти соҳаи маориф, иборат аз 1224 синфхона барои 29376 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 58752), мавриди истифода қарор дода шуданд. Айни замон дар 255 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, иборат аз 1927 синфхона барои 47557 ҷойи нишаст, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зарур донист, ки ҷиҳати таъмин ва иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027”, Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва дигар барномаҳои соҳавӣ аз тарафи масъулини соҳа, раисони шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳуривию шарикони рушд тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати таъмини эҳтиёҷот ва норасоии кадрӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 11 моҳи соли 2023 сохтмон ва таъмири асосии 35 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 27,4 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Дар давраи сипаришуда ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 704322 нафар сайёҳон, аз ҷумла 66284 сайёҳи хориҷӣ ташриф овардаанд.
Ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон давоми се соли охир ба 63 нафар занони соҳибкори вилоят ба маблағи 750000 сомонӣ гранти раиси вилоят ҷудо гардида, барои рушди фаъолияти соҳибкории занон ба ғолибони озмун дастрас шудааст. Давлаталӣ Саид мужда дод, ки дар соли 2024 маблағи грантҳои раиси вилоят ду баробар зиёд карда мешавад.
Пас аз маърӯзаи раиси вилоят ва музокираҳо, аз рӯйи масъалаи дуюми иҷлосия “Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2022 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2024” сардори Сарраёсати молияи вилоят Ҳабибулло Иззатуллозода гузориш дод.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар идомаи иҷлосия нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро барои соли 2024 баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
- Дар ҳамаи пешравиҳо саъю кӯшиши ҳар яки фаъолон ва кулли сокинони вилоят, аз ҷумла вакилон, кишоварзону коргарон, мутахассисону муҳандисон, омӯзгорону табибон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарону масъулони тамоми сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назаррас мебошад, ки аз иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ гувоҳӣ медиҳад, - идома дод раиси вилоят. - Вазифаи муҳимтарини вакилони мардумӣ, роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, минтақавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолони вилоят аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар маҳалҳо сафарбар созанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашумро ҷамъбаст намуда, ба вакилони халқ барои фаъолияти назаррасашон арзи сипос кард ва барори кору саломатӣ хост.
Н. Маъмурзода,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...