Дар шинохти Бобоҷон Ғафуров
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 241
Ростислав Рибаков,
директори Институти
шарқшиносии АИ Россия
«Бобоҷон Ғафуров дар ҳақиқат инсони аср буд. Ин дар он замонҳое буд, ки ибораи яке аз сиёсатмадорони маъруфи ҳамон солҳо вирди забон буд: “Шарқ бедор гардид, танҳо Институти шарқшиносӣ дар хоб аст”.
Б. Ғ. Ғафуров корҳои зиёдеро анҷом додааст, то ин ки сиёсати кишвари мо бо ба ҳисоб гирифтани омилҳои шарқӣ бунёд гардиданд. Шарқ моро дар хотир дошт. Дар даврони фаъолияти Ғафуров сохторҳои нави Институт поягузорӣ шуданд, нашриёти “Адабиёти Шарқ” созмон ёфт. Ӯ моро ба кор истихдом намуд. Шахсан ӯ маро инсони хушбахт гардонид».
Назаршо Додхудоев,
раиси собиқ Шурои вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар соли 1946 рафиқ И. В. Сталин фармон дод, ки дар Тоҷикистон сарвари сиёсиро ба тоҷики маҳаллӣ иваз намоянд ва пешниҳод намуд, ки ба ин вазифа шахси дорои маърифати баланди илмӣ, фарҳангию донишманд пешбарӣ шавад. Ин шахс бояд маҳорати ташкилотчигӣ дошта ва тавонад мардумро муттаҳид созад, сарвари ҳақиқӣ бошад, манфиатҳои тамоми халқи тоҷикро ҳимоят намояд. Дар он замон шахси ягонае, ки ба ин талаботҳо метавонист ҷавоб диҳад, албатта, Бобоҷон Ғафуров буд. Ӯ бо як овоз Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон интихоб гардид».
Саид Нурул Ҳасан,
собиқ сафири Ҳиндустон дар
Иттиҳоди Шуравӣ
«Бобоҷон Ғафуров он ҳақиқатро амиқ дарк намуд, ки мероси умумии ориёӣ, равобити мустаҳками ҷараёнӣ буддо, таъсири пурзӯри маданияти исломӣ, саҳми забон ва адабиёти форсӣ, муборизаи якҷоя алайҳи империализм, идеалҳои сулҳ ва сотсиализми мардуми кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳам хеле наздик намуд. Ин ҳамараъйӣ решаҳои амиқ касб намудааст, ба манфиати халқҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон ва Иттиҳоди Шуравӣ хизмат мекунад».
Чингиз Айтматов,
нависанда,
Қаҳрамони Қирғизистон
«Бобоҷон Ғафуров бузургтарин симои илмии ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯҳои доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш-тоҷиконро дар сафҳаи таърихи ҷаҳониён муаррифӣ созад. Дар солҳои фаъолияти ӯ (дар давраи интернатсионализми байналхалқӣ) навиштани китоби “Тоҷикон”, бешак, қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ таълифи чунин шоҳасар насиб мекунад».
Вилём Помрой,
муҳаққиқ ва нависандаи
машҳури амрикоӣ
«Муддати тӯлонӣ Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР-ро марҳум академик Бобоҷон Ғафуров, зодаи Тоҷикистон, сарварӣ мекард. Ман ёд дорам, ки ӯ бо хислати бурдборӣ ва нармдилию самимияти худ фарқ мекард. Бобоҷон Ғафуров мутахассиси барҷаста оид ба таърих ва сиёсати кишварҳои Осиё, муборизаи роҳи озодӣ, рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Осиёии шуравӣ буд».
Мао Сзе Дун,
Раиси КМ ҲК Чин
«Ман аз суҳбат бо директори Институти шарқшиносии СССР Бобоҷон Ғафуров хеле шоду мамнун гардидам ва аён шуд, ки ӯ на ин ки олим, балки сиёсатмадори нуктасанҷ аст».
Муҳаммад Нурӣ Османов,
мудири шуъбаи Институти
шарқшиносии АИ СССР
«Ба андешаи ман, муболиға намешавад, агар бигӯям вусъати хиради давлатии Бобоҷон Ғафуров ва ҷасорати вай на танҳо маҳсули ҷумҳуриявӣ ва тоҷикӣ дошт, балки он умумидавлатӣ ва умумииттифоқӣ буд».
Ричард Фрай,
профессори фахрии
донишгоҳи Гарвард ва ДМТ
«Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русӣ доир ба мавзуи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аст».
Борис Литвинский,
академики АИ Ҷумҳурии
Тоҷикистон
«Хушбахтона, ба ман муяссар гардид, ки дар паҳлӯи Б. Ғафуров дар давоми ду даҳсола, яъне дар тӯли тамоми сарварии ӯ дар институти шарқшиносии АИ СССР дар Маскав кор кунам. Дар ин солҳо моро ҳамкории шахсӣ дар инкишофи робитаҳои илмии байналхалқии Институт мепайваст».
Борис Ключников,
директори институти
шарқшиносии АИ Россия
«Хотираи дигаре дар лавҳаи хотирам боқӣ мондааст. Ӯ ба Арабистони Саудӣ ба сафари хидматӣ мебарояд ва дар айни замон бо таклифи шоҳ маросими ҳаҷро ба ҷой меоварад. Пас аз бозгашташ, ман дар омади гап гуфтам: “Акнун шуморо ҳоҷӣ Бобоҷон гӯем ҳам мешавад!”
Дар ҷавоб ӯ табассуми асроромезе кард».
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00