Ҳаёт мубориза аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 386
Мусиқӣ худ як ҳиссиёти волои шахс ва оромиши қалб мебошад. Аввалин рисолаҳои мусиқӣ бо забонҳои дарӣ ва арабӣ дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон, дар аҳди Сомониён таълиф шудаанд. Анвои созҳои мусиқӣ гуногун ва дорои таъриху садоҳои хос мебошанд, ки аз ҷумлаи онҳо танбӯр, дутор, сетор, панҷтор, баландзиком, рубоб, ғижжак, даф, доира, нақора, таблак, най, сурнай, чанги торӣ, лабҷанг, аккордеон, мандолина, гитор ва монанди инҳо мебошанд.
Дар ҷомеаи имрӯза низ ҳунармандони зиёде ҳастанд, ки ба санъату санъаткорӣ рӯ овардаанд. Қаҳрамони матлаби мо омӯзгори мактаби санъати шаҳри Бохтар Хуршед Амиров мебошад. Ӯ дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, ҳанӯз аз шашсолагӣ ба омӯхтани навозиши асбобҳои мусиқӣ пардохт. Завқу рағбати беандозаи ӯ нисбат ба асбобҳои мусиқӣ модарро водор кард, ки барои писари шашсолааш асбоби навозандагӣ харидорӣ намояд.
- Завқи беандозаи ман нисбат ба навозандагӣ волидони маро бетараф нагузошт, - изҳор медорад Х. Амиров. - Аз ин рӯ, шаш сол доштам, ки модарам бароям рубоб, ки он вақт 25 сӯм арзиш дошт, харидорӣ кард. Бо ин миқдор маблағ он замон ду халта орд харидорӣ намудан мумкин буд.
Шодравон Раҳмон Амиров, бародари бузургашро, ки навозанда буд, устоди аввалини худ дар ин ҷода меҳисобад. Ҳамеша бо бародари худ машқи навозандагӣ мекард. Бародар низ нозукиҳои навозандагиро барояш меомӯхт. Бо ҳамин, бародараш аз дунё гузашт ва Хуршеди соҳибистеъдод маҷбур шуд, ки идомаи касбашро мустақилона пеш барад.
- Аввалин маротиба, вақте ки ҳафт сол доштам, дар маросими тӯй ба саҳна баромадам. Пас аз ин, то хатм кардани мактаби миёна ҳамчун навозанда дар тӯю маъракаҳо ва ҷашну маросимҳо иштирок мекардам. Бештар асбобҳои рубоб, аккордион, ва доираро истифода мебурдам, - изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.
Айёми ҷавониро низ бо навохтану аз худ намудани асбобҳои мусиқӣ, хусусан гитор гузаронидааст. Баъд аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (онвақта ба номи Шевченко) супорида, бо баъзе аз мушкилоти оилавӣ имтиҳони давлатиро супорида натавонист ва ба хизмати ҳарбӣ рафт. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ, дубора ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супорида, онро бо муваффақият хатм кард.
Дар айёми хизмати аскарӣ низ байни ҳамхизматон ҳамчун навозанда шинохта шуд. Дар вақти бекорӣ ҳангоме ки ҷамъ мешуданд, қаҳрамони мо навозандагӣ мекард ва дар баробараш дигарон месароиданд.
Пас аз адои хизмати аскарӣ фаъолияти худро дар самти санъат оғоз кард. Соли 2004 ба ҳайси роҳбари Кохи фарҳанги вилояти Хатлон ба фаъолият шуруъ намуда, то соли 2019 дар ин вазифа кор кард. Пасон, соли 2019 ба мактаби мусиқии шаҳри Бохтар ҳамчун омӯзгори дарсии гурӯҳи гиторнавозон фаъолияти худро шуруъ намуд. Дар ин муддат чандин шогирдонаш дар озмунҳои гуногун ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён шудаанд. Хусусан, дар чор соли фаъолияти худ дар мактаби мусиқии шаҳри Бохтар, се сол пай дар пай шогирдонаш дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»иштироки фаъолона намуданд.
- Дар муддати фаъолияти худ зиёда аз 200 шогирд тарбия кардаам ва аксарияташон дар соҳаи интихобкардаи худ муваффақ шудаанд.
Имрӯз бошад, дар мактаби мусиқии шаҳри Бохтар ба 35 хонанда гиторнавозиро меомӯзонам, - бо ифтихор мегӯяд Хуршед Амиров.
Меҳроҷиддини Ёқубалӣ яке аз шогирдони Х. Амиров мебошад, ки соли дуюм аст дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»ширкат варзида, дар даври шаҳрию вилоятӣ соҳиби ҷойи аввал мешавад ва дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ мегардад.
Хуршед Амиров барои хизматҳои шоён соли 2010 бо унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуд ва ду сол пай дар пай ҳамчун «Оилаи намунавӣ» эътироф шуд ва чандин маротиба бо Ифтихорномаю Сипоснома ва Дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти муассиса ва дигар ташкилоту идораҳо сарфароз гардид.
Дар муҳити оила низ барои фарзандону наберагон падар ва бобои намунавӣ аст.
- Ҳаёт мубориза аст, мубориза ба муқобили ҳама гуна шикаст, мубориза бар зидди монеа ва мубориза барои расидан ба муроду мақсади худ, - мегӯяд Хуршед Амиров.
Воқеан, барои расидан ба ҷое ҳар шахсро лозим аст, ки бо дили гарм ва бо боварӣ меҳнат кунад. Имрӯз чунин шахсон зиёданд, ки бо талошу заҳматҳои худ ба ҷое расидаанд ва барои рушду пешрафти як самти фаъолияти хоҷагии мардум саҳми боризи худро мегузоранд.
Шаҳодат ХОЛОВА ,
махсус барои «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00