Зиҳӣ, Пешвои ҷавонпарвари тоҷик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Ҷавонон ва варзиш / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 319
Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ чун дигар ҷумҳуриҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли худро эълон намуд. Аммо, бо дахолати баъзе аз давлатҳо дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст, хисороти зиёди моливу ҷонӣ ба сари миллати тоҷик бор овард.
Хушбахтона, баъди ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш гардида, оромиву суботи сартосарӣ таъмин шуд. Ҳамин тавр, мардуми шарифи Тоҷикистон соҳибдавлату соҳибистиқлол гаштанд.
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои бонуфузи олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Мо - халқи тоҷик танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Дар тӯли 32 соли соҳибдавлатӣ кишвари мо таҳти сарварии роҳбари хирадманду дурандеш Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ-Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Истиқлоли давлатӣ, Иҷлосияи тақдирсоз ва Ваҳдати миллӣ барои шинохти миллати тоҷик ва амалигардии орзуву ҳадафҳои созанда замина гузошт. Ин ҳама васфу ситоишу тараннум баҳри Истиқлол бесабаб нест. Зеро гузаштагони мо аз қаъри қарнҳо баҳри расидан ба ин орзую омол басо ҷоннисориҳо намудаанд. Хушбахтона, насли имрӯзро муяссар гардида, ки соҳибдавлат бошанд, он ҳама марому мақсадҳои ниёгони худро ҷомаи амал пӯшонанд. Бесабаб нест тараннуми Истиқлол, чунки мардуми Тоҷикистон бо шарофати ин неъмати бузург худро шинохт ва қадамҳои устувор дар роҳи хештаншиносӣ гузошт, ки намунаи он бо забони тоҷикӣ сухан гуфтани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои бунуфузи ҷаҳонӣ мебошад.
Боиси хушнудист, ки ҷавонони даврони истиқлол имкони аз беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёт лаззат бурданро доранд. Пешвои муаззами миллат баҳри фардои неку дурахшони ин қишри ҷомеа пайваста ташаббусҳои неку созанда рӯи кор меорад, то насли ояндасози ҷомеа бо нигоҳи нав, дониши баланд, ҳунару маҳорат, бо истеъдоди худододии хеш тавонанд парчами миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд.
Яке аз ташаббусҳои неки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод нақши муҳим мегузорад, ин ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон - ватани азизи ман”, “Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” мебошад, ки барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон мусоидат мекунад. Месазад ёдовар шавем, ки дастгирии наврасону ҷавонон ва шароити мусоид барои таҳсилу фаъолияти онҳо имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар ҷомеа ба даст оранд.
Воқеан ҳам, бунёди муассисаҳои таълимӣ бо тарҳи муосир, ки ҷавобгӯи талаботи замон асту феълан наврасону ҷавонон ба касбу донишомӯзӣ машғуланд, шаҳодати гуфтаҳои болоянд. Имрӯз нест соҳае, ки дар он ҷавонони болаёқату кордон фаъолият накунанд. Хушбахтона, дар рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми назарраси ҷавонон дида мешаваду баҳри фардои дурахшони меҳани азиз пайваста талош менамоянд.
Сарвари давлат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардумро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор фирориро ба Ватан баргардонд. Бо ташаббуси ватандӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ, инчунин тақвият бахшидан ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ роҳҳои мошингард сохта шуданд.
Иттифоқу муттаҳидии миллати тоҷик аст, ки Истиқлолу Ваҳдат дар кишвар устувор гашта, мардум рӯзгори хубу осоиштаеро ба сар мебаранд. Дарахти сулҳу ваҳдат алакай боровар шуда, тамъи меваи лазизи онро ҳар яки мо - шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар ҳар лаҳзаи ҳаёти имрӯза ба хуби дарк намудаем ва пос доштани ин меҳан бароямон ҳам фарз асту ҳам қарз гардидааст. Ваҳдати миллати тоҷик осон ба даст наомадааст. Он дар натиҷаи саъю кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаст ва ба мардуми тоҷик эҳдо гардидааст.
Истиқлоли маънавӣ дар бештар гардидани дастовардҳо мусоидат мекунад, зеро инсоният маҳз ба воситаи шуур ва идрок барои худ ва аҳли ҷомеа шароити мусоид фароҳам меоварад. Яке аз фарзандони сарсупурдаи миллат бо хиради азалии худ миллати парешонгаштаро сарҷамъ ва Ваҳдатро бақо бахшид. Сокинони кишварро лозим аст, ки ба қадру қиммати ободиву оромӣ расида, барои ҳифзи он масъулият эҳсос намоянд.
Заҳматҳо ва ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои тоҷикони дунё бо далерӣ, шуҷоатмандӣ тавонист борони тирро аз осмони тоҷикон ба борони софу беғубор табдил диҳад. Падарро бо писар, модарро бо атфол ва тоҷикро ба Тоҷикистон баргардонад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарди соҳибдавлат, ки қалбу виҷдон дорад, бо доштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор доштан аз ин меҳану сарзамини аҷдодӣ талош карда, онро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Хушбахтона, дар ин марҳилаи мураккаб ба сари қудрат фарзанди сарсупурда, ватандӯст ва сулҳхоҳ омада, оромиву осудагиро дар кишвар таъмин намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки Истиқлол ба халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки орзуву ниятҳои худро амалӣ намоянд. Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ замина фароҳам сохт, ки дар як муддати кӯтоҳи таърих халқи тоҷикро ҷаҳониён чун миллати сулҳпарвару бунёдгузор шиносанду робитаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монанд.
Имсол аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур шуд. Мардуми сарбаланди тоҷик дар ин муддат зери сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои маҳбуби кишвар зиндагии осуда доранд. Бо ба даст гирифтани сиёсати инсонпарварона аз ҷониби ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тифлон ханда мекунанд, ҷавонон даврони ҷавонӣ меронанд, бузургон зиндагии ором доранд, занону духтарон бе ягон ҳарос дар дилхоҳ макотиби олию миёнаи касбӣ таҳсил намуда, дар рушду нумӯи меҳан саҳми бориз мегузоранд. Маҳз ҳамин сулҳу субот ва оромии кишвар аст, ки бо заҳматҳои бемислу монанди ин абармарди сиёсат Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назарсанҷии маркази GALLUP дар байни 142 давлати ҷаҳон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ҳамчун амнтарин давлати дунё донистанд.
Президенти мамлакат пайваста таъкид менамоянд, ки ҳифзи арзишҳои муқаддас ва истиқ лолу озодиҳо аз ҳар нафари мо нангу номуси миллӣ, са ъю та лош, заҳмати содиқона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо-ҷавононро зарур аст, ки зери сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, ҳар порча замин, ҳар қатра оби ватанро муқаддас шуморида, нагузорем, ки қудуми нопоки душман ба замини муқаддасу аҷдодии мо бирасад. Мо-ҷавонон бояд ҳалқае бошем аз муттаҳидӣ, сарҷамъӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватанпарвар, ки Тоҷикистонро ба фардои боз ҳам дурахшону шукуфон табдил диҳем.
Зиҳӣ, Пешвои миллат, зиҳӣ, сарвари ҷавонпарвари тоҷик!
Адолати МАҲМАДАЛӢ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...