ИҶЛОСИЯИ XVI
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 267
Нигаҳҳо дар камони дидаҳо чун тирҳо хуфта,
Ҳама дар лавҳи маҷлисгоҳ чун тасвирҳо хуфта.
Намеҷунбад касе аз ҷой, ҳайкалгаштаро монад,
Зи хоби ин ҳама тақдирҳо тадбирҳо хуфта.
Нафасҳо дар гулӯҳо баставу овозҳо бандӣ,
Ғам озод асту мемонад ба зиндонӣ фараҳмандӣ.
Базӯр аз рӯйҳои рангканда метавон бишнохт
Зи ҳамдигар зарафшону хатлонию дарбандӣ.
Нахоҳад дидани дидори гармиро ягон сардӣ,
Ба сарсабзӣ бидӯзад чашми рашколудааш зардӣ.
Намемонад, бадӣ, по дар қадамҷояш ниҳад некӣ,
Камонмардӣ намехоҳад, ки ҷо ёбад ҷавонмардӣ.
Дар ин ҷо марг гӯё зиндагониро нигаҳбон аст,
Ҳама шодӣ ғамолуду ҳама дидор ҳиҷрон аст.
Касе дар шишаи чашме нахоҳад акси худ дидан,
Дар ин дидан фиребу ростию дарду дармон аст.
Фишор аз ҳар тараф, аз ҳар тараф таҳдиди марговар,
Надорад одаме бар одаме дар рӯзи бад бовар.
Сиёсат бозии бисёр душвор аст, осон нест
Ҷавоби пурсиши бозингаронро додани довар.
Ҷавоби он ҳама додӣ, зи бедорӣ сухан гуфтӣ,
Зи ҳифзи ҳастии миллат, зи тақдири ватан гуфтӣ.
«Раҳи ҳастии бе халқу диёрам ҷодаи марг аст,
Фидо созам дар ин раҳ, лозим ояд, ҷони ман» гуфтӣ.
Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ,
Ливои мулки худро бо муҳаббат бӯсаҳо кардӣ.
На танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ,
Ҳалолат бод, бар аҳдат вафо, қарзат адо кардӣ...
Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон
ИҶЛОСИЯИ XVI
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00