Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - намоди ифтихори ватандорӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 293
Китоби “Ифтихори ватандорӣ”-ро мутолиа карда, хонанда бардошти маънавии хубу муассире мегирад. Дар маҷмӯаи мазкур силсилаи мақолаҳои ходимони рӯзномаи “Хатлон”, инчунин иштирокдорони озмуни эҷодии “Ифтихори ватандорӣ”, ки ба мавзуи Ватану меҳанпарастӣ, Истиқлол, худогоҳӣ ва ғурури миллӣ, нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шудаанд, ҷой гирифтаанд.
Китоби мазкур бо ташаббуси ҳайати таҳририяи рӯзномаи “Хатлон” ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027” таҳия ва интишор шудааст.
Ин маҷмӯа барои неру бахшидан ба ҳисси ватанпарастии ҷавонон, ҳифзи неъматҳои муқаддаси Истиқлол, сулҳу ваҳдат, иттифоқу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ ва пос доштани тамаддуни куҳанбунёд мусоидат мекунад.
Як масъала - тавъам будани ном, кору пайкори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳумҳои Истиқлол, сулҳ ва пешравии миллати тоҷик эҳсос мешавад. Ҳар як муаллиф доир ба мавзуи матлабаш саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро таъкид намудааст. Ин як навъ меҳрномаест нисбат ба шахсияти таърихии соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки намоди эҳёи миллат аст. Дар воқеъ, хизмати бузурги Пешвои миллат дар ваҳдати мардум, сулҳу субот, муаррифии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ доир ба иқлиму об, сулҳи минтақа, мубориза бо терроризму экстремизм бориз мебошад.
Дар ҳар як матлаби ин китоб симои Пешвои миллат чун наҷотдиҳанда, сулҳоваранда, ғамхори миллат, эҳёгари арзишҳои миллӣ, ҳидояткунандаи иқдомҳои ободиву бунёдкорӣ ва сиёсатмадори шинохтаи олам, маҳбуби ҳамаи тоҷикони ҷаҳон таборуз мекунад.
Дар матлаби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид “Соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст” омадааст: “Чуноне Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Истиқлолу озодӣ мояи ифтихору сарфарозӣ ва нангу номуси халқи мост, ки бо шарофати он беш аз се даҳсола инҷониб барои ободии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзем. Аз ин ҷост, ки мардум Роҳбари давлатро ҳамчун ҳомии сулҳу оромӣ, пешоҳанги ҳама ташаббусу иқдомҳои наку ва роҳбари ғамхору раиятпарвар дӯст медоранд ва ба хизматҳояш арҷ мегузоранд”.
“Эҳсоси гарми ватандӯстӣ омили муҳимтарини рушди давлат аст” ном дорад матлаби Носирҷон Маъмурзода мураттиб ва муҳаррири китоб. Ӯ менависад: “Масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аз рукнҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мегардад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 декабри соли 2022, Сарвари давлат таъкид карданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем, ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад” Сайфиддин Давлатзода, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, дар маводи “Кафили фардои дурахшони мо” дар бораи рисолати сулҳофарии Пешвои миллат ёдовар шудааст: “Он рӯзҳо ӯ савганд ёд намуда, гуфт: “... кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...”. Тавре ҳамагон шоҳид гардиданд, Пешвои миллат ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояш дар назди халқу Ватан баръало собит намуд”.
Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар маводи “Дарси сулҳи Пешвои миллат” - заминаи пойдории Истиқлоли давлатӣ ғамхори рушди маорифи кишвар будани Эмомалӣ Раҳмонро таъкид кардааст: “Аҳли маорифи кишвар, ҳамдиёрони азизу шарафманд соли нави таҳсилро дар фазои ҳамдиливу дастҷамъӣ бо Дарси сулҳи Пешвои сулҳҷӯю донишвар, Сарвари хирадрою маорифпарвар, ҳомии истиқлолу давлатдории ҳуқуқбунёд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегиранд” .
“Субҳ ба хайр, оинаи сабзи Ватан!”-и Мирзо Набот яке аз беҳтарин маводҳо буда, аз хотироти муаллиф дар солҳои гурезагист. Дар он хурсандию миннатдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари ҷавони Тоҷикистон, барои баргардонидани мардуми фирорӣ бо эҳсоси баланди ватандорӣ инъикос шудааст:
“Подшоҳи навамон Эмомалӣ Раҳмон кофтукамон омада ба Афғонистон. Радиоҳо мегӯянд, ки омадааст аз барои сулҳбандиву бозгардониву ғарибнавозии ҳамватанонаш. Хобҳои хеле хуб дидан дорам, додар, иншооллоҳ, гирди табақу косаи Ватан сарҷамъ мешавем. Раҳмати ҳақ ба гузаштаҳошу ҳозираҳош. Ба ҳамин хоки пурҷангуҷӯши афғонӣ, моро, ки суроғ омадааст, Худо ёраш бошад. Худо ба камоли нусрату шуҳрати давлатгираш бирасонад.
Сардори калон ба кофтанамон омада.Сад шукр, мебарадмон. Худо аз хушиҳо сераш кунад. Қадри маро кӣ медорад, Худо қадраш бидорад”.
С. Аттор дар “Шукри Пешвои миллат мекунем” аз ҷасорати Роҳбари давлат барои ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ёдовар мешавад: “Нахустамали неки Пешвои миллат то нафари охирин ба Ватан баргардонидани гурезагон буд. Бо ин мақсад Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф монда, ба нуқтаҳои гарми ҷанг- Бадахшону Хатлону Рашт сафар карда, мардумро ба оромию сулҳ даъват намуд”.
Журналист Комрони Бахтиёр дар маводаш “Истиқлол ва худшиносии миллии ҷавонон” андешаи Пешвои миллатро мисол овардааст, ки моҳияти соҳибистиқлолиро барои кишвари азиз хеле возеҳу равшан ифода намудаанд: “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид”.
Ҷасури Қиёмиддин дар “Истиқлол рӯзгори босаодатро ба мо ҳадя кард” аз иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон ёдовар шудааст: “Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар равобити масъалаҳои байналмилалӣ назаррас буда, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ҳиссаи сазовор доранд. Аз ҷумла, барои таъмини оби нӯшокӣ ба мардуми сайёра, бо саҳми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 соли “Соли оби тоза”, 2005- 2015 Солҳои байналмилалии амалиёти ”Об барои ҳаёт” ва 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардид”.
Нависанда Сайид Раҳмон дар “Ватандорӣ чунин бояд” оид ба як ташаббус ва арҷгузорӣ ба меҳнати фарзандони барӯманди Тоҷикистон менигорад: “Ҷаноби Олӣ солҳои 1998, 2003 ва 2006, яъне дар ҳар сафари кориашон ба Кӯлоб - ба Гулбоғ омада, дастуру супоришҳо медоданд ва маълум, ки баҳри ободии боғ ёрию мададашонро дареғ намедоштанд. Дар аввали кор Пешвои миллат 178 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонида, дар кори обтаъминкунӣ низ мададу ёриашон беандоза аст. Воқеан, арчаи соли 1998 ба дасти худ дар ин боғ шинонидаи Ҷаноби Олӣ дарахти боазамати хушқаду бар шудааст”.
Хайруллои Ғиёсзода дар “Муҳаббат ба Ватан, садоқат ба Президент!” ба ҷавонон муроҷиат намуда, даъват мекунад, ки ба пайкори Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ кунанд: “Пешвои миллат ватандӯстӣ ва рушдро дар маркази андешаи худ қарор дода, ин ду мафҳумро шиори кору фаъолияти ҳаррӯза қарор доданро аз мо тақозо намудааст, зеро бидуни ватандӯстӣ, садоқат ба меҳан мо наметавонем ба рушду тараққӣ ноил шавем. Пеш аз ҳама, бояд мо амалкарди хешро бо амалкарди Сарвари давлат мутобиқу ҳамоҳанг созем”.
Аъзам Бобоев дар матлаби “Ватанро беш аз ҳарвақта бояд дӯст дошт” ба муассирии сухани ваҳдатсози Пешвои миллат ишора кардааст: “Ҳар шаб тариқи телевизиони Тоҷикистон чунин суханони пурҳикмату пурмазмуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз оғози барномаи “Ахбор” садо медиҳад: “Дӯст бошед. Иттифоқ бошед. Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед. Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред”. Албатта, пас аз шунидани ин суханон беихтиёр касро эҳсоси фараҳмандӣ, ифтихор ва муҳаббату садоқат ба Ватани азизу маҳбуб- Тоҷикистони азиз фаро мегирад”.
Алишер Шоев дар “Садоқат ба Ватан шиори мост” аз таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ифтихор карда, навиштааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, қариб 70%-и аҳолии кишварро нафарони то 35-сола ташкил медиҳанд. Бо ин мақсад, тарбияи ҷавонон дар сиёсати кишвар самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, сол то сол ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Бо ин мақсад Пешвои миллат таъкид менамояд, ки ояндаи ин кишвар дар дасти ҷавонон аст. Ин сухан аз мо-ҷавонон масъулияти баланди ватандорӣ металабад. Зеро тақдири минбаъдаи ин кишварро бузургон ба мо-ҷавонон бовар намуданд”.
Билоли Ҳикматулло маводашро ба Тоҷикистон бахшида, “Ватанам, ту паёми сулҳ ҳастӣ” ном гузоштааст. Шеъри эҷодкардаашро дар бораи Пешвои миллат чун хулоса овардааст:
Аз Паёми Пешво гӯям сухан,
Тоҷикистон аст мулки тинҷи ман.
Ин Ватанро Пешво зебо намуд,
Дилрабову дар ҷаҳон якто намуд.
Б. Сайдалиев дар “Аз зафар созад ҳикоят парчами афрохта” аз ташаббусҳои Президент дар рушди энергетика ёдрас мешавад: “Вақте агрегати дуюми Неругоҳи барқии обии “Роғун” ба фаъолият оғоз кард, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон шодию нишот ва қалби саршори меҳр гуфтанд: “Тоҷикистон, ба пеш!”.
Дар маводи Намоз Солиев “Тоҷикистон биҳишти ман аст” пайравии насли соҳибистиқлол, садоқати онҳо ба мактабии сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баён шудааст: “Талош намоем, ки насли наврасу ҷавонон таҷрибаи ватандӯстию ватандорӣ, сулҳу ваҳдатофарии Пешвои миллатро омӯхта, онро аз насл ба насл ҳамчун мактаби омӯзиш ба мерос гузаронд”.
Ҳар як маводи китоби мазкур саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони имрӯзаи озоду ободро бозгӯ мекунад. Бо зикри саҳму иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот доштани баёни матлаби ҳар як муаллиф, тақвияти фикр аз самимият, пайравӣ ва садоқат ба Президент гувоҳӣ медиҳад. Ин арҷгузорӣ на танҳо имрӯз, балки асрҳои баъдина ҳам идома хоҳад ёфт. Зеро таърихи соҳибистиқлолӣ, бақои миллат, пойдории давлати тоҷикон бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат иртибот дошта, барои наслҳои оянда ибрати ватандорӣ мебошад.
Дилором Маҳкамзода,
номзади илмҳои филологӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...