Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА НУМӮИ ТОҶИКИСТОН


НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА НУМӮИ ТОҶИКИСТОН



Имрӯз, 14 ноябри соли равон дар Театри мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов шаҳри Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи вилоятии илмӣ - амалӣ таҳти унвони "Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва нумӯи Тоҷикистон" роҳандозӣ шуда буд, ҷараён дорад.

Дар кори конференсия муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хӯҷамурод Сафарализода, муовини роҳбари Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқов, раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ва дигарон иштирок доранд.


Сараввал, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" қайд карда мешавад. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияту озодӣ, иттифоқиву иттиҳодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум беназир аст.

Ҳамзамон, дар конференсия гуфта шуд, ки бузургтарин дастоварди ин миллат, ки аз Иҷлосияи таърихӣ ибтидо гирифт, ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру Ҷасур ва дорои ифтихори баланди миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ба майдони сиёсат омаданд. 

- Дар натиҷаи азму талоши ва кӯшишу пайкорҳои бемисли ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кӯтоҳ муноқишаҳои дохилӣ хотима ёфта, мардуми сарбаланди кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муазами миллат ба корҳои ободиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бастаанд, ки мо ба ин рӯзи нек ва пурсаодат расидем, - зикр дошт Ф. Шарифӣ.



Ҳамчунин, дар назар аст, ки декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хӯҷамурод Сафарализода, муовини роҳбари Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқов, раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ва дигарон  оид ба нақши Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ суханронӣ менамояд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода