Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ Саид: «Эмомалӣ Раҳмон маҳаки асосӣ ва бунёдии таъмини музаффариятҳои давлату миллат аст»


Давлаталӣ Саид: «Эмомалӣ Раҳмон маҳаки асосӣ ва бунёдии таъмини музаффариятҳои давлату миллат аст»



Паёми табрикии  раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид  ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Ҳамдиёрони арҷманд!

Боиси фараҳмандист, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои суботу осоиштагӣ ва ваҳдати комили миллӣ зиндагӣ карда, шоҳиди пешрафтҳои рӯзафзуни диёри маҳбубамон дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу маънавиёт мегарданд. 

Тамоми дастовардҳо ва неъматҳое, ки дорем, ба шарофати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат мамлакатамон ба рушду шукуфоӣ расидааст.

Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр ба гиромидошти хизматҳои мондагори Сарвари муаззами давлат – меъмори сулҳу ваҳдат ва ҳомии Истиқлолу якпорчагии мамлакат, таҷлил мегардад, миллионҳо тоҷикистониён меҳру муҳаббату садоқати бепоёни худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз медоранд.

Вобаста ба мақом ва хизматҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ифтихор метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як марҳилаи мураккаби таърихӣ ба сари давлат омада, бо талошҳои худ давлати тоҷиконро аз хатари воқеии нобудӣ наҷот доданд. Хидматҳои ӯ бисёр бузурганд, аммо фақат ҳамин масъала, яъне ҳифз ва наҷоти давлатдории мо кофист, ки ному корномаи ин шахсият дар таърихи халқи мо то абад бо ҳарфҳои заррин нақшбандӣ гардад.

Шуруъ аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклифи вакилони халқро қабул намуда, раисии Шурои Олиро ба уҳда гирифтанд ва ба ин мансаби олӣ интихоб гардиданд, бо ҷоннисорӣ ва сарсупурдагии ин марди хираду дурандеш дар арсаи сиёсат ва давлатдорӣ раванди барқарорсозии сулҳу суботи сиёсӣ ва хатми ҷанги таҳмилӣ оғози тоза гирифт.    

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи аввали Раиси Шурои Олии мамлакат интихоб шудан изҳор намуда буданд, ки «… то як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам» ва ин ҳарфҳо ба қалби мардум шуълаи умедро ба ояндаи нек афрӯхт, ки тоҷик дигар бедавлату бесоҳиб нест ва фақат худи ӯ қодир аст ватанашро обод намояд.

Маҳз дар ҳамин иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон, рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, тасдиқи худро ёфтанд. Тасдиқ шудани рамзҳои давлатӣ дар шароити бениҳоят мушкили сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати тозаинтихоб бо сардории сиёсатмадори ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ муносибати ҷиддӣ, қатъӣ ва собитқадамона дорад. 

Дар натиҷаи азму талош ва  кӯшишу пайкорҳои бемисли ин шахсияти барҷастаи миллӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон бартараф карда шуд.  

Дар воқеъ, таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст. Бояд эътироф намуд, ки ба зимма гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар он давра, дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист дар ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки баланди ҳувияти миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.

Таърих гувоҳ аст, ки сиёсатмадори бузурги миллати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нақши сулҳофаринӣ дилу дидаҳоро тасхир намуд, сарнавишти миллатро дигаргун кард ва бо он ҳама созандагӣ, диловарӣ, ҷавонмардиаш тани танҳо тавонист маҳбуби ҳамаи халқ гардад ва ҳамагӣ ӯро дӯст доштанд.

Ҷойи ифтихор аст, ки ташаббусҳои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, бахусус оид ба дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ ва дигар мушкилоти экологӣ, муборизаи беамон бо терроризму ифротгароӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид  бо қаноатмандӣ пазируфта шудаанд. Дар баробари ин, Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфт.
Ба манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат, ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин дастовардҳо ба фаъолияти босамару пурмаҳсули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр “Рӯзи Президент” муқаррар шудааст.

Бо назардошти ҳамаи ин, пайваста тарғибу ташвиқ намудани рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти он ва хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарвар бошад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон Пешвои маҳбубу ғамгусор, Қаҳрамони миллӣ, Сарвари роҳнамову хирадпеша, ходими дурандеши давлатиро мебинанд ва бо чунин фарзанди фарзонаи миллат худро масъуду фархундабахт мешуморанд.

Корномаи давлатсозию сулҳофарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат ҳеҷ гоҳ аз хотираи мардум зудуда намешавад, зеро Пешвои миллат суннатҳои давлатдории гузаштагони худро, аз Куруши Кабир то Исмоили Сомонӣ, бо анъанаҳои давлатдории ҷаҳони муосир тавъам сохта, бори дигар онҳоро эҳё намуданд, бо сиёсати хирадмандона, ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ давлати дар ҳоли суқут қарордоштаро дубора барқарор ва тамоми аркони давлатдориро устувору пойдор сохтанд.

Эътимоди комил дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон ба поси хизматҳои мондагор ва фидокориҳои Ҷаноби Олӣ, ки дар поягузории сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлатдории навин, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ анҷом додаанд, беш аз пеш, бо сидқу вафо дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар татбиқи сиёсати инсонпарварона ва фардосозашон ҳамеша ҳамдасту ҳиссагузор хоҳанд буд.

Бо ҳамин нияти хайр, бо камоли эҳтирому сарфарозӣ Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи сокинони вилояти Хатлон самимона таҳният гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, саодатмандию пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон пешрафту нумӯи бештарро орзумандам.

Поянда бод Сарвари давлат ва халқи Тоҷикистон!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода