Эҳёгари давлати навини тоҷикон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 269
Тоҷикистони азизи мо, ки имрӯз ҷаҳониён онро мешиносанд ва баробари дигар давлатҳо эҳтиром менамоянд, ба биҳишти рӯйи замин табдил ёфтааст. Хуб медонед, ки ин ҳама бо ҷонфидоиҳои зиёди Пешвои миллат ба даст омадааст.
Бузургии Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки баъди ба вазифаи Президент интихоб шудан аввалин суханонеро гуфт, ки халқи шарифи Тоҷикистон ва ҷаҳониён интизораш буданд: “Ман ба шумо сулҳ меорам, то гурезаи охиринро ба Ватан барнагардонам, худамро ором ҳис намекунам, агар лозим шавад, барои халқу ватанам ҷони худро дареғ намедорам”.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дод. Ҷонашро ба каф гирифта, ба Давлати исломии Афғонистон рафта, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд. Сӯиқасд ба ҷонаш карданд. Шоир аз забони Ҷаноби Олӣ хуб гуфтааст: “На тан гуфтам, на ҷон гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам”. Зиёда аз 15 вохӯрӣ бо намояндагони мухолифин гузаронида, сулҳу ваҳдати миллии ҳамешагиро пойдор намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлати навини тоҷикон мебошад. Таҳти сарварии ӯ рукнҳои давлатӣ: Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Асъори миллӣ қабул гардид.
Аввалин бор тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва парлумони доимоамалкунанда ташкил карда шуд.
Давлат соҳиби Артиши миллӣ гардид. Ба бузургони миллат арҷ гузошта, муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар пойтахти кишвар қомат рост кард. Фарзандони фарзонаи миллат Пешвои муазза ми миллат Эмомалӣ Раҳмон, устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур сазовори унвони олӣ-Қаҳрамонони Тоҷикистон гаштанд.
Пешвои миллат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ карда, масъалаҳои глобалӣ барои обро аз номи Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки аз тарафи давлатҳои ҷаҳон пазируфта шуданд ва ҳалли худро ёфта истодаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизро ободу зебо намуда, сиёсати пешгирифтаашро ҷонибдорӣ мекунанд.
Мо фахр менамоем, ки дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат дорем.
Сафармуҳаммад ЗАРИФӢ,
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...