Шуҷоати Президенти мардумӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 226
Даҳсолаи охири асри 20 бузургтарин имтиҳон пешорӯи мардуми тоҷик ва тоҷикистониён омад. Имтиҳони раҳоӣ аз нестӣ, имтиҳони ҳифзи соҳибистиқлолӣ, имтиҳони давлатсозӣ.
Дар чорсӯи тақдир
Оташи ҷанги таҳмилӣ кишварро фаро гирифт. Мардум парвои сарват надоштанд, танҳо ҷони хешро ба саломат бурдан мехостанду бас. Аксарият бегуноҳ буданд, аммо аз тарсу ҳарос мегурехтанд. Нафаре набуд, ки дар ин моҷаро осебе надида бошад. Ҳар рӯз даҳҳо фирорӣ дар хоки Афғонистон ҷон медод.
Аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистони тозаистиқлол дар соҳаи ҳарбӣ меросе намонд, ба ҷуз чанде аз боқимондаҳои артиш, ки ҳамагӣ дар дашту кӯҳпораҳои кишвар сарсону саргардон, бе фармондеҳ қарор доштанд. Иқтидори мудофиавии кишвар ниҳоят заиф, мақомоти қудратӣ беқудрат буд.
Роҳбарони вақт Қаҳҳор Маҳкамов, Қадриддин Аслонов, Раҳмон Набиев ва чандеи дигар зудзуд иваз мешуданд, аммо бо иваз шудани онҳо дар кишвар чизе тағйир намеёфт, баръакс, вазъият сангинтар мешуд.
Барои бар дӯш гирифтани ин мансаби олӣ касе ҷуръат надошт. Чӣ бояд кард? Ниҳоят даъвати Иҷлосияи навбатии Шурои Олӣ пеш омад ва умеди ягона интихоби роҳбаре буд, ки баҳри таъмини сулҳу ваҳдат чорае андешида тавонад.
Иҷлосия на дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, балки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шуд. Зеро вазъияти пойтахт ниҳоят мураккаб буд. Вакилони Иҷлосия Раиси Шурои Олиро интихоб намуданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб, фарзанди деҳқон, инсони ростқавлу ростгӯ, 40-сола ба ин мансаб интихоб гардид.
Такя ба халқ
Роҳбари ҷавон дар аввалин суханрониҳои худ аз минбари баланд даъват кард: «Бояд ҳарчи зудтар пеши роҳи хунрезиро бигирем ва ин аз ҳар яки мо-дар ин толор нишастаҳо вобастагӣ дорад».
Оғози роҳ барои роҳбари ҷавон дар чунин вазъ осон набуд. Дар сиёсат қадамҳои аввалини худро гузошта, таҷрибаи кофии давлатдорӣ надошт.
Дар он рӯзҳо ба мардум ҳақиқат ва таҳдиду хатарҳои замонро фаҳмондан лозим меомад.
Ҳамзамон роҳбаре лозим буд, ки ҷони худро баҳри сарҷамъии миллати тоҷик ва эмин нигоҳ доштани давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷоннисор бошад. Ҳар лаҳза хатар таҳдид мекард. Роҳбари ҷавон ҳастиашро барои миллат бахшид. Он замон ҳатто баъзе гурӯҳҳои хоин дар фикри порча – порча намудани кишвари ҷавони Тоҷикистон буданд.
Эмомалӣ Раҳмон такя ба халқ намуд, онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо накард, тақсим насохт. Аввалин қадамҳои раванди сулҳро аз Иҷлосияи қисматсози 16-уми Шурои Олӣ оғоз намуд.
Қумондонҳое, ки зидди ҳамдигар дар минтақаҳо меҷангиданд, гирд овард, ба сулҳ даъваташон кард. Оши оштӣ дод. Ин бисёр хатарнок буд, аммо наҳаросид. Ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қасамашон дод, то ба Ватани худ хиёнат накунанд, силоҳҳои худро гузоранд, даст ба дасти ҳамдигар бигиранд.
Шабу рӯз роҳат надошт, тамоми ҳастиашро барои халқи азиз бахшида буд. Инро халқи тоҷик ва тоҷикистониён дарк карданд, ки Роҳбари ҷавон тарсу ҳарос надорад, ҳастиашро барои барқароршавии сулҳ бахшидааст, чаро ӯро дастгирӣ накунанд? Дар аввалин қадамҳо ба сӯйи мухолифин даст дароз кард.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо гуфта буданд, ки агар таърихро варақгардон кунем, дар ҳама гуна муборизаҳои сиёсии дунё мушкилоти асосӣ бар дӯши халқ аст. Агар сиёсати сиёсатмадорро мардум дастгирӣ накунад, ҳеҷ аст. Барои ин бо халқ наздик будан лозим. Хиёнат кардан лозим нест.
ЧАНД МЕРОСЕ БА РОҲБАРИ ҶАВОН
Ҷанги бародаркуш;
зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванд куштаву беному нишон гашта, 55 ҳазор кӯдаки ятиму бепарастор;
зиёда аз 25 ҳазор зани бешавҳару бесаробонмонда;
беш аз 1 миллион гурезаҳо;
зиёда аз 10 миллиард доллар хисороти иқтисоди миллӣ;
зиёда аз 36 манзили ба хоку хуну оташ кашида;
ҳазорҳо мактабу бемористон ва дигар иншооти сӯхтаву валангор;
ноумедӣ ба фардои зиндагӣ;
1400 афсару аскари ҷоннисоркарда; ва садҳо миллион хисороти ҳисобношуда.
АЗ РӮҲАФТОДАГИҲО БА СӮИ УМЕД
Баргардонидани фирориён дар мадди аввал қарор дошт. Тарсу ҳарос ва таҳдидҳои пайваста онҳоро печида буд. Мегуфтанд, ки “ватан ором нест, осоиштагие, ки мегӯянд, дурӯғ аст”. Бо пешниҳоди Роҳбари давлат дар Радиои Тоҷикистон барномае бо номи “Хоки Ватан” таъсис ёфт. Намояндагони Ҳукумати мамлакат ва худи мардум дар ин барнома иштирок мекарданд ва аз ҳоли ҳамдигар бохабар мешуданд, фирориёнро ба Ватан даъват мекарданд. Шахсан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба тавассути ин барнома мардуми фирориро ба Ватан даъват карданд:
“Бародарону хоҳарони дур аз Ватан, ба Ватан баргардед. Мо ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳем, аммо як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон ва хешовандону наздиконатон интизор аст”.
Мардум пайваста назди радио буданд, то садои наздиконро шунаванд. Барои Ватан, барои наздикону пайвандон ашк мерехтанд. Ҳама дилшикаставу рӯҳафтода буданд. Ниҳоят дар дили фирориёни тоҷику шуълаи умед пайдо шуд, умед ба зиндагии дубора дар Ватан. Мардум ба зиндагии оянда боварӣ пайдо карданд.
Мақомотҳои давлатӣ бо мурури замон соҳиби қудрат шуданд ва зиндагӣ маҷрои дигар гирифт. Роҳбари давлат он замон мушовир надоштанд ва танҳо бо андешаи худ кор мекарданд.
Тамоми тадбирҳоро андешиданд, то ҳамватанон ба Ватан баргардонида шаванд, зеро оқибати ногувори парокандагиро медонистанд. Дар таърихи дунё Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки Роҳбари он пайи овардани гурезагонаш кӯшиш намуд, бо оғӯши кушод халқро пешвоз гирифт. Ҳашт маротиба бо сардори мухолифин ба хотири таъмини осоиштагӣ вохӯрӣ доштанд. Ин вохӯриҳо, аз ҷумла дар шаҳрҳои Ашқобод, Бишкек, Исломобод, ҳатто дар яке аз минтақаҳои хавфноки Афғонистон (Хосдеҳ) сурат гирифт. Ҳатто таъкид мекарданд, ки Роҳбари давлат ба он минтақа сафар накунад. Аммо роҳбари ҷасур ба хотири халқ аз роҳ нагаштанд. Таъкид мекарданд, ки бахшидани гуноҳи якдигар бисёр душвор аст, аммо фақат ҷавонмард метавонад гуноҳи ҳамдигариро бахшад.
ТАБАССУМИ БАХТ
Ниҳоят соли 1997 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин қарордоди сулҳу салоҳ ба имзо расид. Ин гуфтушунид мушкил, аммо тақдирсоз буд ва дар он тақдири Тоҷикистон ҳал мешуд. Ба гуфтаи устод Лоиқ:
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Худ нахобид, то мардуми кишвар ба осоиштагӣ бирасад. Ҳатто бисёриҳо бовар надоштанд, ки дубора сулҳ таъмин мешавад, ҷумҳурии ба порчаҳо тақсимшуда ба кишвари воҳид табдил меёбад. Дар ҳамсоякишвари моАфғонистон беш аз 45 сол аст, ки ҷанг аст. Тамоми дунё барои таъмини амнияти он кӯшиш мекунад, аммо наметавонанд.
Баракати ваҳдат буд, ки мардуми Тоҷикистонро ба зиндагии шоиста овард. Имрӯз мардуми замоне ашки талху сӯзон рехта акнун ашки шодӣ мерезанд. Мегӯянд, ки омили асосии эҷодкории таърих халқ аст, аммо таърих бе шахсиятҳои бузургаш зеб надоштааст. Имрӯз замони бунёдкорию созандагӣ омадааст ва маҳз ҳамин мушкилнописандиҳо буд, ки Роҳбари давлати тоҷикон миллат ва кишварро аз буҳронҳои шадид раҳонида, дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо сурату сират, бо ҷасорату рафтори хоксоронаи худ миёни сарони давлатҳои дунё фарқкунанда аст.
Чуноне Бозор Собир мегӯяд:
Минбараш аз партаи мактаб,
Минбараш аз дарзаи деҳқон.
Чеҳрааш халқии халқӣ,
Сураташ халқии халқӣ.
Суфрааш халқии халқӣ,
Раҳбаре аз ҷӯши мардум.
Аз дилу ҷону ҷигарҳо,
Бо садояш сахт одат кардаем,
Ҳамчу аз зангӯлаи давлат...
Мегӯянд, ки агар халқ тарафдорат бошад, дигар монеае нест. Дилу нияти Роҳбари давлати мо нек аст. Доиман аз тоҷик будани худ ифтихор мекунад. Мефахрад, ки чунин мардуми заҳматкаш дар дунё кам аст. Халқу миллат ва ватани худро сидқан дӯст медорад. Ӯ мегӯяд, ки дар куҷое бошам, сарам баланд аст, ба куҷое равам, пеши назарам фарҳанги сулҳофари тоҷикон меояд.
Албинаи Абдусаттор,
журналист
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...