Имкони такмили донишу таҷриба барои хизматчиёни давлатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 368
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аросими муаррифии лоиҳаи шарикони рушд оид ба бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.
Муҳаммад Орифзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки ин лоиҳа барои хизматчиёни давлатӣ имконияти хуб аст, ки дар Япония касбияти худро сайқал диҳанд.
Дилноза Аҳмадзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханрониаш гуфт, ки Созишномаи грантӣ доир ба “Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 405 маъқул дониста шуда, 31 августи соли 2023, ба имзо расидааст. Бо тасвиби ин санад заминаи ҳуқуқӣ барои таҳсилу бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ фароҳам оварда шудааст.
- Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония мебошад, - гуфт Томината Юки, роҳбари дафтари Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония, Донишгоҳи Хиросима, Донишгоҳи Дошиша, Донишгоҳи Ритсумейкан, Донишгоҳи Акита ба таҳсил фиристода мешаванд.
Дар чорабинӣ хизматчиёни давлатӣ аз шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...