Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ БА НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОЗДИД КАРД


РАИСИ ВИЛОЯТ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ БА НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОЗДИД КАРД




Имрӯз, 28 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эмомалӣ Раҳмони ноҳияи Панҷ ширкат варзид.

Хоҷагии мазкур аз замин самаранок истифода бурда, аз ҳар як ваҷаби он ҳосил ба даст меоварад.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои 1373 гектар замин аст, ки аз ин миқдор 300 гектараш замини лалмӣ мебошад. Хоҷагӣ дар масоҳати 700 гектар пахтаи навъҳои “Лодос”, “Хатлон-2014”, “Тоҷикистон” кишт карда, ҳоло 100 тонна тухмӣ захира намудааст. Ин хоҷагӣ алҳол 436 нафар саҳмдор дорад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо хоҷагидор ва деҳқонон суҳбат намуда, аз фаъолияти хоҷагӣ огоҳ гардид. Инчунин ба пахтачинони фаъол туҳфаҳои раиси вилоят супорида шуд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода