Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ва маҳсулоти ширӣ аз ҷониби ҶДММ «Заркорон» дар ноҳияи Муъминобод


Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ва маҳсулоти ширӣ аз ҷониби ҶДММ «Заркорон» дар ноҳияи Муъминобод




21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави поёни деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ва маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ дидан намуданд.


Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2021-2025, “Солҳои рушди саноат” ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи ҶДММ “Заркорон”бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Муъминобод коркарди 20 тонна картошка дар як шабонарӯз ва истеҳсоли 8 тонна картошкаи бирён (чипс) мебошад. Арзиши лоиҳавии корхонаи нав 1 миллион сомонӣ буда, хати технологӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.

Бартарии корхона аз он иборат аст, ки маҳсулот бо истифода аз картошкаи тозаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад ва бо сифати баланду рақобатпазир буданаш воридотивазкунанда низ мебошад. Дар як баст дар корхонаи нав барои 20 нафар ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд. Дар натиҷаи мавқеи устувор касб кардан дар бозори истеъмолӣ ва дар се баст роҳандозӣ намудани фаъолият, дар корхона то 60 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти иқтидори нави саноатӣ масъулонро барои тавсеаи бештари истеҳсолот вазифадор карда, дастур доданд, ки маҳсулоти маҳаллӣ, аз ҷумла картошка мавриди коркарди ниҳоӣ қарор дода шавад.

Бояд гуфт, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 дар мамлакат 6 корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ба қайд гирифта шудааст. Дар 9 моҳи соли равон ин корхонаҳо дар ҳаҷми 41,4 тонна маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 9,6 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 130,1 фоизро ташкил медиҳад.




Дар Коргоҳи маҳсулоти ширии ҶДММ “Заркорон”, ки бо иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд, 10 нафар бо шуғл таъмин шуданд. Маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхонаи нав ба 10 намуд мерасад. Ҷомеи меҳнатии коргоҳ ҷурғоту қаймоқ, сметану творог, равғани маска ва чаккаву дӯғи аз лиҳози экологӣ тозаро тавассути дастгоҳҳои пешрафтаи соҳавӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон мегардонанд.

Иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 44 тонна шир дар як моҳ буда, арзиши лоиҳавии он 2,9 миллион сомонӣ мебошад. Хати технологии Корхонаи маҳсулоти ширии ҶДММ “Заркорон” аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Бо ба фаъолият оғоз кардани Фермаи ширии ҶДММ “Заркорон”, ҳаҷми воридоти шир ба корхона бештар ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ низ афзоиш дода мешавад.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк ва маҳсулоти ширии ҶДММ «Заркорон», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ карда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхона ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ба онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ҳамчунин Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии корхонаҳои ҶДММ “Заркорон” боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳи саноатӣ бештар аз 20 намуд консерваи меваю сабзавот, нӯшобаву шарбат, 10 намуди маҳсулоти ширӣ, ки ҳамагӣ дар коргоҳҳои истеҳсолии ҳамин ҷамъият истеҳсол шудаанд, ба намоиш гузошта шуданд.

http://www.president.tj/node/31694

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода