Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи сардхона дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод


Ифтитоҳи сардхона дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод



Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти сардхона оғоз бахшиданд.


Сардхонаи замонавӣ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирӣ ва маблағгузории ҶДММ «Заркорон» мавриди истифода дода шуд. Мақсад аз фаъол сохтани сардхона нигоҳдории маҳсулоти истеҳсолшуда дар хоҷагиҳои ҷамъият ва аҳолӣ буда, он дар  муддати кӯтоҳ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 Иттилоъ дода шуд, ки сардхона дар масоҳати 0,80 гектар замин, бо ғунҷоиши 1000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст. Бо ба истифода додани ин иншоот 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд.

Бо назардошти минтақаи аграрӣ будани ноҳияи Муъминобод, ба фаъолият оғоз кардани чунин сардхона амри зарурӣ дониста мешавад. Зеро дар аксар маврид бинобар набудани чунин иншоот, маҳсулоти хоҷагидорон талаф меёфт.

Дар иншооти мазкур дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили сардхонаро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, васлу насб карда шудааст.

Ба фаъолият оғоз кардани сардхонаи ҶДММ “Заркорон” василаи муҳими бо маҳсулоти тару тоза таъмин намудани аҳолӣ дар фаслҳои зимистону баҳор низ мебошад. Дар сардхонаи нав коргарон бо ин мақсад сабзӣ, картошка, себ ва дигар номгӯи маҳсулотро захира намудаанд. Инчунин ҷиҳати нигоҳдории муваққатӣ ва банду басти маҳсулот, дар ҳудуди сардхона анбори калон бунёд гардидааст.
Бартарияти дигари сардхонаи ҶДММ “Заркорон” боз дар он аст, ки тариқи шартнома барои нигоҳдории стандартӣ аз аҳолӣ меваю сабзавотро қабул менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон ҷиҳати бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ноҳия, ҳаҷми захираи маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоянд.

http://www.president.tj/node/31693

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода