Китоби «Гавазн ва шикорчӣ»-и адиб Маҷид Салим ба чоп расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 342
Дар шаҳри Душанбе рӯнамоии китоби нави собиқ ходими адабии рӯзномаи вилоятии “Хатлон”, адиби номвар Маҷид Салим бо номи «Гавазн ва шикорчӣ» бо ҳузури адибон Раҳмат Назрӣ, Равшани Махсумзод, Ворис ва дӯстдорони китоб баргузор гардид.
Дар китоби навбатии адиби табиатшинос 33 ҳикоя гирдоварӣ шуда, дар ҳар яки он табиати зебои Тоҷикистон, олами ҳайвоноту парандагон, муносибати наврасон ба онҳо ва таъсири инсон ба муҳити зист тасвир ёфтаанд.
Дар ҷамъомад ба муносибати рӯнамоии китоби «Гавазн ва шикорчӣ» оид ба услуб ва хусусияти хоси эҷодии муаллиф ва нақши китоб дар тарбияи насли наврас мулоҳизаҳо баён шуда, ҳамчунин порчаҳои ҷолиб аз ҳикоёт оид ба ҷаҳони афсонавии ҳайвоноту парандагон қироат шуданд.
Мавриди тазаккур зикр аст, ки барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим дар баробари нашри китобҳо дар бораи олами вуҳуш, ҳамчунин муаллифи филмҳои мустанади «Даштиҷум», «Дар оғӯши Сарихосор», «Искандаркӯл», «Оҳанги Камароб», «Бешаи палангон», «Чилучорчашма», «Дараи Ромит», «Афсонаи Зоркӯл» мебошад.
Қиссаву ҳикояҳои ӯ аз ҷониби хонандагон ва мунаққидон хуб пазируфта шудаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00