Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АБДУҚАҲҲОР СУЛАЙМОН ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023” ГАРДИД!


АБДУҚАҲҲОР СУЛАЙМОН ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023” ГАРДИД!



Абдуқаҳҳор Сулаймон, омӯзгори фанни физика ва астрономияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб дар озмуни имсолаи ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023" вилояти Хатлонро намояндагӣ карда, бо нишон додани бартарӣ ва соҳиб шудан ба баҳои баланд миёни довталабони дигар шаҳру вилоятҳои кишвар гол бият ба даст оварда, Ҷоизаи "Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023" ва мукофоти пулиро соҳиб гашт.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе баргузор гашт, ки дар кушодашавӣ ва рафти озмун вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро бевосита ширкат намуданд.

Аъзои ҳакамон ба маҳорати довталабон аз рӯйи талабот ва низомномаи озмун баҳогузорӣ карданд. Даври ҷумҳуриявии озмун 3 рӯз давом намуда, дар он Абдуқаҳҳор Сулаймон – омўзгори фанни физика ва астрономияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб аз рӯйи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер бартарӣ нишон дод.

Лозим ба ёдоварист, ки озмуни мазкур ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ташкил ва баргузор карда шуда, мақсади он дарёфт ва ошкор сохтани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ҳамчунин тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон мебошад. Имсол даври ҷумҳуриявии озмун бо иштироки бевоситаи вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода баргузор гардида истодааст.

Бо таъмини шаффофият рафти баргузории озмун пурра сабт карда шуда, Абдуқаҳҳор Сулаймон ғолиб дониста шудааст.


С. Азиззода

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода