1 октябр даъвати тирамоҳӣ шуруъ мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 446
1-уми октябри соли ҷорӣ даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом хоҳад кард.
Имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонони шуҷои хатлонӣ барои адои хизмати аскарӣ дар сафи Артиши миллӣ изҳори омодагӣ карда, дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо номнавис шудаанд.
Ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ ва комиссияҳои даъват муваззаф гардидаанд.
Аз ҷониби Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо дастур гирифтаанд, ки назоратро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр созанду барои пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои лозимӣ қабул намоянд. Талаб карда шуд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва аҳамияти мудофиавидошта дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд иҷро гардад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...